Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт, Шарифбек, инро чоп намекунем. Агар зиёдтар кушиш кунӣ беҳтарин нависанда мешавӣ. Баъдан ҳикоя ба гўшаи фаромўшӣ рафт, то замоне ки бародарам Ҳокимбек пурсид аз нависандагӣ ва ҳикоя, чӣ шуд. Чанд пораи нигоштаҳоямро бо номи «Ҷосус» рўйи коғаз овардаму бо маслиҳати бародарам, онро барои таҳрир пешниҳоди Муҳаммадҷон Мирзошоев намудам. Ба бародарам Ҳокимбек гуфтам, ки ман алаккай нависанда! Вале ў инро рад карду ҷиддӣ ба ман гуфт, ки дар назари худат. Сипас, бародарам ин қиссаро бурда ба Саидаҳмади Зардон додаст, то таҳрир ёбад. Ман, ки дар дилам танҳо идома додани орзуи нависандагии фарзанди ҷавонмаргамро доштам, бесаброна баъди як моҳ ба назди Саидаҳмади Зардон рафтам. Ў қиссаро ба ман дароз кард, дидам, 15 саҳифааш ихтисор шуда. Маро ҳайратзада дида гуфт:
– Шумо милиса ҳастед, ҳарфе надорам ва бо касе дар ин бора хоҳам гуфт, ки асарро ба ман додаст. Саидаҳмади Зардон ба ман рухсати рафтан дод.
Бисёр аламзада назди бародарам омадаму гуфтам, наход асари моҷароиро ба як ҳаҷвнигор барои таҳрир пешниҳод кунӣ?
Ў мефаҳмад, намефаҳмад. Ҳокимбек гуфт, бародар гўш кун, он кас нависандаи забардаст асту барандаи Ҷоизаи ба номи Садридин Айнӣ, наход ба андозаи шумо нафаҳмад.
Ва вақте китоби аввали худро бо номи «Дурахши алмос» чоп кардам Саидаҳмади Зардон ба он сарсухан навишта буд, ки бисёр муассир аст. Ҳамсояамон Одинаев гуфтани ном шахе маро дида иброз дошт, ки Шарифбек аз китоб дида сарсуханаш пурарзиштару пурмуҳтаво аст. Ин буд, қиссаи тасодуфан омаданам ба майдони адабиёт.
– Дар музофот асари моҷаройӣ – детектив навиштан мушкил нест?
– Жанре ки дар он қалами худро санҷидам ин детектив– моҷаро аст. Чаро дар деҳа мушкил будааст? Михаил Шолохов, ки «Дони ором»– ро навиштааст аз беҳтарин нависандагони ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, дар деҳа зиндагӣ карда ва барандаи ҷоизаи Нобелӣ будааст. Дар деҳа низ мардум китоб мехонанд. Шумо ин саволро дар пояи ин ду мисраъ пешниҳод кардед, ки:

Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад,
Аклро бенуру беравнақ кунад.

пешина
аз 408
навбатӣ