АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Дар русто мардумоне ҳастанд, ки завқи баланду истеъ–доди хоси нависандагиву нигорандагӣ доранд. Вале рўзгору пуркорӣ намегузорад, ба хостаи дил бирасанд. Ҳаёти мардуми деҳот мушкилоти зиёд дораду нависандагӣ низ аз ин бештар заҳмат талаб мекунад.
– Нависанда кист? Назару нигоҳи шумо?!
– Барои нависанда шудан ба андешаи Уилям Фолкнер 99 фоиз истеъдод, 99 фоиз заҳмат ва 99 фоиз интизом даркор аст.
Иддае иддао доранд, ки 1 фоиз истеъдод кофӣ аст. Вале ин нодуруст аст.
Ҳар як инсоне, ки ба қалам сару кор мегирад бояд хазинаи луғавиаш бойю ғанӣ бошад. Барои як саҳифа китобро навиштан бояд сад саҳифа китоб хонда бошад.
Габриел Гарсиа Маркес, муаллифи романи «Сад соли танҳоӣ» тарзи коргузориву нақшаи кориашро дар нигоштааш баён кардааст, ки: «Вақте аз хоб мехезам, аввал риш метарошам, комбинзони кориамро мепўшам, дар сари мизи корӣ менишинам, ду соат китоб мехонам, баъди ин қалам ба даст мегирам». Ин аст нависанда. Дар деҳот ҳам бошӣ нахонӣ, дар шаҳр ҳам бошӣ нахонӣ ҳеҷ кас намешавӣ
– Чаро аз моҷаро шурўъ кардед?
– Чунки дар милиса дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардам ва ин жанр писандам аст. Дар асари моҷароӣ, асар тахтаи шоҳмотро мемонад. Дигар шаклҳои жанрии адабиётро аз моҷаро бо он метавон фарк намуд, ки дар онҳо ба қонунри зиндагӣ риоя кардан лозим меояд. Аммо нависандаи моҷаронавис ба қоидаҳои бозӣ риоя мекунад, на ба қоидаҳои зиндагй. Ба ҷойи ҷинояткору муфатишу, суду прокурор ва қаҳрамони асар, нависанда сухан мегўяд. Барои ин, маърифати баланд, қабл аз ҳама донстани ҳуқуқи инсон зарур аст. Ва нақши нависанда сари ин тахтаи шоҳмот нишастану донаҳоро ба роҳашон дуруст аз рўйи донишу фаҳмиш бурдан аст. Дар ҳар гуна асар хоҳ назм ҳоҳ наср бояд мақому мавқеи адиб аён шавад.
Ғамзат Садаса падари Расул Ғамзатов гуфтааст, ки агар дар асари бадеӣ нависанда аён нашавад асар аспи бесаворро монад.
– Дар оянда низ нависандагиро давом хоҳед дод?
– Аз вақте ки ба адабиёт қадам ниҳодам худро қарздор меҳисобам. Чун ба ҷойи Абумаҷид – писарам нависанда шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор