АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ба андешаи Шумо касби рўзноманигорӣ душвортавр аст ё нависандагӣ?
– Гумон мекунам, ки рўзноманигорӣ.
– Чаро?
– Рўзноманигор ҳамаи фактҳоеро, ки рўйи чоп меорад, бояд ҳаматарафа таҳлил намояд ва бе ягон обу ранги зиёдатӣ ба хонанда расонад. Нависанда бошад, нисбат ба рўзноманигор озодтар аст. Ў имконияти пурраи аз як хабар таълиф намудани як китоби бузургро дорад, мисли он ки Стендал асари машҳури худ «Сурх ва сиёҳ» – ро аз рўйи як хабари хурди рўзнома таълиф намуда буд.
– Амсоли Шумо, ки кулворатонро хеле пур кардаед.
– Чӣ хеле ки гуфтам, тайи даҳ соли «шиноварӣ» дар гирдоби адабиёт ба хулосае омадам: барои он ки адиб як саҳифаро рўйи чоп оварад, ўро лозим аст, ки сад саҳифа мутолиа намояд. Дар акси ҳол он адиб адиб нест. Барои исботи фикри худ ёдовар мешавам адиби фаронсавӣ Жорж Сименонро, ки тайи чил соли фаъолияти эҷодиаш 214 роман ва адибаи англис Агата Кристӣ 67 роман навиштаанд. Ва мо гуфта наметавонем, ки асарҳои онҳо камарзишанд. Агар мо бо даҳ– понздаҳ асари худ қаноат намоем ва ҳамасола онҳоро дар таҳрири нав ба чоп диҳем, вой бар ҳоли он хонандае, ки умед ба адабиёти мо бастааст.
– Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки нависанда танҳо дар як ё ду асараш ба муваффақият ноил мегардад.
– Баҳс намекунам, чуноне ки ба нависандаи Колумбия Габриел Гарсиа Маркес танҳо романи «Сад соли танҳоӣ» шуҳрати ҷаҳонӣ овард ва дигар асаре дар он поя навишта натавонист.
– Шумо дар ин ҷо худ ба хонандаи мо ҳамақида гашед?
– Не. Ман мутлақо зидди онам. Биёед, ба адабиёти ҷаҳонӣ як назар афканем. Бубинед, ки як худи Александр Дюма чӣ қадар асарҳо эҷод намудааст ва яке аз дигаре беҳтар. Гумон мекунам, адиб ҳар қадар ба эҷод сару кор дошта бошад, ҳамон қадар ў таҷрибаи бойи нависандагӣ ҳосил мекунад.
– Намедонам чаро шумо дар гирди адабиёти ҷаҳонй давр мезанед ва аз муҳити адабие, ки худ шомили он ҳастед, сухане ба забон намеоред?
– Ин ҳамаро сабабе ҳаст. Аслан, адабиёт муаррифгари миллат аст ва бо чопи 500 – 1000 нусха китоб мо наметавонем миллат ва давлати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем. Аз адибони фаронсавӣ ва англис ёдовар шудани бандаро сабаб он аст, ки онҳо тавонистанд дастовардҳои адабии хешро тариқи тарҷума ба ҷаҳониён пешкаш намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор