АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Барои мисол, ҳанўз дар замони советӣ як китоби Жорж Сименон дар Маскав бо теъдоди се миллион нусха ва аз Агата Кристӣ бо теъдоди 3 миллиону 100 ҳазор нусха ба забони русӣ чоп шуд. Акнун биёед 500 – 1000 нусха китоби моро, ки дар фикри муаррифии он ба ҷаҳониён нестем, бо асарҳои адибони Ғарб баробар намоем, ҳарчанд шоири немис Ҳёте ва шоири шаҳири рус Сергей Есенин ба адабиёти Шарқ арҷ гузоштаанд.
– Пас чӣ бояд кард?
– Дар як ҷаласаи Иттифоқи нависандагони Точикистон нависандаи маҳбуб Саттор Турсун сари ин масъала изҳори назар намуда гуфт, ки сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Точикистон ҳамеша кушиши тарҷумаи асарҳои адибони худро доранд, вале афсўс, ки сафирони мо дар дигар кишварҳо боре ҳам доир ба ин масъала тадбире наандешидаанд. Бояд иқрор шуд, ки сафирони мо дар мамлакатҳои хориҷӣ дар шиносонидани санъати тоҷик саҳми сазоворе доранд ва агар нисбат ба тарҷумаи асарҳои адибони тоҷик андак таваҷҷўҳ зоҳир мекарданд, нуран алонур мешуд.
– Ба андешаи шумо, насри имрўзаи тоҷик дар кадом поя қарор дорад?
– Чун ҳама кор таҳлили аниқро талаб мекунад, ба ин суол ҷавоб додан душвор аст, вале аз рўйи муҳити адабӣ, ки баъзан банда низ дар ҷаласаҳои он иштирок мекунам, тайи солҳои охир асарҳои хуби насрӣ рўйи чоп омадаанд ва боварӣ ҳаст, ки адибони насрнависи мо низ дар талоши онанд, ки бо асарҳои хеш соҳиби ҷоизаҳои ҷаҳонӣ гарданд.
– Аз рўйи мушоҳидаҳо банда ба хулосае омадам, ки ворисони аксари олимони муҳтарами мо аз пайроҳаи волидайн гузашта, соҳиби унвони илмӣ гаштаанд. Оё ворисони шумо аз пайроҳаи падар нияти қадам гузоштан доранд?
– Ҳамаи инро шояд сабаб он бошад, ки давлат баҳри олимон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ намудааст, вале нисбат ба адибон (ба ҷуз оне, ки унвони Шоир ё Нависандаи халқӣ доранд) инро гуфта наметавонам. Ва на танҳо ин.
– Боз чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор