АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Дар байни тамоми санъатҳои тасвири ҷаҳонро фарогирифта китоб беҳтарин воситаи азхуднамудани дониш дониста шудааст. Барои инсон дар кадом мавзўъ ва чӣ хел хондани китоб маҳдудияте нест. Нависанда пеш аз ҳама ҳунарманд, нигоришгар, рассом аст. Андешаи нависанда ин танҳо сухан не, ин танҳо баёни фикр дар навъи жанри бадеӣ не, балки ин симо, гуфтор, рафтор, кирдор, ишора ва ҷанҷолу низои ўст. Китобе, ки дар он симои муаллиф айён нест, чун аспи бесавор аст. Дар интиҳо китоб ин кушиши аввалин дар муаррифии симои муаллиф ба хонанда аст.
- Меҳнат чун ҳамеша яке аз мавзўҳои адабиёт боқӣ мемонад.
Дар бораи нақши наср дар ин зерхат чанд сухан мегуфтед? - Меҳнат ҳамеша яке аз мавзўҳои калидии адабиёт буд, вале он танҳо дар ҳолате ҷойгузини асари бадеӣ мешавад, ки дар фазои бекарони зиндагӣ ситораҳо болои сари инсоният ва афкори ў парфишонӣ намоянд. Агар ба ин мавзўъ нависанда бо амри дил рў оварда бошад. Нависанда бояд аз хотир набарорад, ки ў муаррифгари некист. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар болои лисон хома барад, то некӣ ба бадӣ, рўшноӣ бар зулмот пирўз шавад.
Нависанда чун адвокат бояд ҳимояи инсонро ихтиёран ба дўш гирад, то зерҳимояи ў аз хорию зиллат эмин бошад, то боварии ў ба адолат беш гардад, то ў худро ғуломи қонун ҳисобад. Адабиёт ин худ муттаҳидкунандаи қавму миллатҳост ва адиб сарбозест дар ин саҳна. Меҳнат дар кадом шакле набошад, бароям писанд аст.
Гумон мекунам, ки меҳнати фикрӣ дар нисбат ба меҳнати ҷисмонӣ душвортар аст, вале аз ин роҳ баромаданӣ нестам, чунки ман ин роҳро ихтиёран интихоб намудаам. Ба ҳамон хотир менависам, ки нависанда ҳастам, метарсам, ки номи калону шаҳри вайрон нашавад. - Таваҷҷуҳи нависандаи моҷаронависро чӣ бедор мекунад ва кадом суолҳо дар ин самт ўро дунболгиранд? - Нависандаи моҷаронавис ҳам мисли дигар адибон пеш аз ҳама нигоранда ё худ рассом аст. Тақдир ба ў нигориши акси инсонеро ҳавола намудааст, ки ҷои нишасти хешро намеёбад, ҳамеша ба муқобили қонун ҳаракат мекунад ва ба қалам додани акси чунин шаҳрванди қайсар осон нест. Маҳз аз рўи рафтору кирдори персонажҳои асар таваҷҷуҳи нависандаи моҷаронавис ҳамеша ба фанҳои криминология, ҳуқуқи ҷиноӣ ва ҳуқуқи мурофиаи ҷиноӣ нигаронида шудааст ва суолҳо низ аз ҳамин фанҳо ўро дунболгиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор