АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Чун асари калонҳаҷмро дар муҳлати кутоҳ навиштан ғайриимкон аст, бо гузашти вақт муаллифро зарур аст, ки онро хонад ва такрори чандинкаратаи ин амал ногузир аст.
- Солҳои охир чопи асарҳо чун муаррифкунандаи кору фаъолияти кормандони мақомотҳои тафтишотӣ бештар ба назар мерасад. Ҳатто рўзномаю маҷаллаҳо ҳам дар инъикоси меҳнати ҳомиёни тартибот дар жанри насри хурд кўшиш ба харҷ дода истодаанд. Чун собиқадори милиса ҳастед, назари шуморо донистан мехостем?
- Рўзномаю маҷаллаҳо ин машқгоҳеро мемонанд, ки асар дар кадом жанре набошад, аз рўи имкони ҳамин коргоҳ ба намоиш бароварда мешавад. Кулли адибони номдори дунё ҳам қадамҳои нахустини хешро ба остонаи рўзномаю маҷаллаҳо гузоштаанд ва бо фотеҳаи ҳайати таҳририяи ин муассисаҳо ба «парвоз» рухсат гирифтанд. Маҳз ҳамин нашрияҳои даврӣ муаррифкунанда ва ҳидоятгари муаллиф барои даст задан ба жанри бузургтар ва баромадан ба саҳнаи фарохтар мегардад. Дар замони Шуравӣ маҷаллаи соҳавии «Милитсияи советӣ» дар ҳаҷми 80 саҳифа ё худ
5 ҷузъи чопӣ нашр мешуд. Маҳз як ҷузъи чопии он ё худ ҷузъи охиринаш асарҳои калонҳаҷми моҷароиро дар шакли маҷаллавӣ (журнальный вариант) ба нашр мерасонд ва соле се ё чор муаллифро бо як асар ба хонандагон шинос мекард. Ин иқдоми хубе буд. Ҳоло ҳам маҷаллаи мазкур дар ҳамон шакли пештарааш дар Федератсияи Русия чун маҷаллаи соҳавии ВКД нашр шуда истодааст ва хуб мешуд, ки мақомотҳои тафтишотии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ба нашр расонидани чунин як маҷаллаи соҳавӣ тадбирҳо меандешиданд.
Суҳбаторо Ворис «Минбари халқ» 30 майи соли 2018 №22 (1158)
КАЛОМИ АДИБ ИН ТАНҲО СУХАН НЕСТ…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор