Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Воқеаи рухдода аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳама ҳолат Боқиев бо ҷинояткор шиноси наздик будааст, вагарна ҳеҷ гоҳ ў пеш аз сафар ба самти муқобили фурудгоҳ намерафт. Дар рўйхати чунин шахсон пеш аз ҳама Нигор Бурҳонова меистод.
Аз ин рў сардори ШКД санҷиши ҳамин тарафи масъаларо ба зимаи Сорбони Ҳомид гузошта, бори дигар таъкид кард, ки корро тавре ба роҳ бояд монд, ки дар ҳолати тасдиқ нашуданаш милиса ба номи хеш доғ наорад. Сорбони Ҳомид дар милиса шахси навомада ё тасадуфӣ набуд ва мефаҳмид, ки шарафи инсон аз ҳама болост ва албатта Бурҳонова ҳам шаъну шарафи хешро дорад…

Зариф Бурҳонов гумон дошт Нигору Фирўз ўро дар фурудгоҳ пешвоз мегиранд. Вале ин тавр нашуд. Шояд дар хона ягон кор баромадагист, – худро тасалло дод ў. Аммо вақте ба хона омад дарро маҳкам дид. Худаш танҳо мебуд – ку дарди бехайр, вале ронандааш Карим аҳволашро дид. Умуман, кори хуб нашуд. Ў ронандаро ба хона таклиф кард. Аз он ки хона тозаю озода буд, Зариф ба хулосае омад, ки Нигор ба омадани ў тайёрӣ дидааст. Сипас ў ҳамроҳи ронанда бозгашташро қайд кард. Дар муддати ду соати ҳамроҳи Карим будан аз ҳамсараш дарак нашуд.
Пас аз рафтани ронанда Зариф қариб ҳама ҷойҳои чашмрасро аз назар гузаронид, вале ягон хатчае ҳам наёфт, ки фаҳмад Нигор ба куҷо рафтааст. Ў боре ҳам ба гўшаи хотир наоварда буд, ки калиди хонаи Хумор дар дасти Нигор аст.
Бечора Зариф аз куҷо медонист, ки ҳамсараш як сол боз муҳаббати марди бегонаеро дар дил дорад ва имрўз ҳам аз пешвозгирии шавҳар дида лаҳзае бо ў буданро алвотар донист.
Ҳарчанд дар ин бора ў чизе намедонист, вале дар хона набудани занро як беҳурматӣ нисбат ба хеш ҳисоб намуд ва қавл дод, ки Нигорро ҳатман ба ҷояш мешинонад.
Дар танҳоӣ дилаш бухс карду ба кўча баромад. Мабодо Фирўз дар боғча бошад, – гўён оҳиста – оҳиста ба тарафи боғча рафт..
Мурабия ўро дида Фирўзҷон дадот омад гуфт ва лаҳзае пас Фирўз дада –дадаҷон гўён ба тарафи падар давид. Суханони Фирўз аз чун мусиқии форам дар гўшаш садо доду садо. Ў писарро аз замин бардошта сари даст гирифт ва бо мураббӣ худоҳофизӣ намуд.

пешина
аз 408
навбатӣ