Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман ҳам мехоҳам ба ҳамин чиз бовар кунам, вале афсўс, ки ин тавр нест. Шахси Шумо мегуфтагӣ ягон камбудие дар зиндагӣ надоштааст. Соҳиби зани зебо ва се фарзанд будааст, ба замми ин яке аз олимони маъруфи ҷумҳурӣ…
– Дар куҷо кор мекардааст?
– Дар кадом як институти тадқиқотие ва милисаҳо мегўянд, ки гўё ман ҳамроҳаш ишқварзӣ мекардам.
– Гуфтанд, гуфтан гиранд. Магар инро исбот карда метавонанд?
– Ана, барои ҳамин мехоҳам, ки ту рафта ба онҳо гўйӣ ки борҳо «дар авҷи осмон» ҳамроҳам будед, то онҳо почаки маро барои куштор дошта наистанд.
– Не, ман наметавонам. Пас онҳо ба ман чӣ мегўянд?
– Чӣ мегўянд?
– Мегуфтагистанд, ки ман олим шудаму одам не.
– Чаро ин хел мегуфтаанд?
– Чунки марди боақл бо зани шавҳардор ишқварзӣ намекунад.
– Пас мо мўйдарозон беақлем?
Ў мошинро ба паҳлўи роҳ бароварда нигоҳ дошт ва ба чашмони зебои Нигор нигарист ва тариқи шўхӣ гуфт:

Мўйдарозон ақлкўтоҳ гуфтаанд,
Ҳар кӣ гуфтаст ин маталро ў хар аст,
Мўйи ту то бар замин ояд, вале
Пеши ақлат мўйи ту кутоҳтар аст.

Ин шеър ба Нигор хуш омад, ки гуфт:
– Майлат, ҳоло ман ба онҳо дар бораи ту ягон гап намегўям. Бигузор худашон исбот намоянд, ки ман дар он ҷо ҳамроҳи кӣ будам.
– Ин ба онҳо ҳеҷ гоҳ даст намедиҳад.
– Иншоллоҳ.
Муллоев мошинро ба ҳаракат даровард ва аз Нигор пурсид, ки чӣ амре дорад.
– Ман бояд ба хона равам. Аз ҳамсоя илтимос намудам, ки Фирўзро аз боғча гирад.

пешина
аз 408
навбатӣ