Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳар чӣ ки хоҳед гўед дада, мо Шуморо гўш мекунем, фақат фикрҳои беҳударо аз саратон дур намоед, то боз фишори хунатон баланд нашавад, хоҳиш кад Файзулло.
– Дадаҷон, мехоҳем афсонаи ״Бузаки ҷингилапоро"
шунавем гуфт Нозанин.
– О, ин афсонаро ман даҳ бор гуфтам–ку.
– Боз онро шунидан мехоҳем, дадаҷон.– Ҳафтаи гузашта холаи афсонагў аз оинаи нилгун онро гуфт – ку.
– Хайр чӣ ба мо афсонаи хола не афсонаи гуфтаи шумо маъқул аст.
– Охир ман чун холаи афсонагў онро гуфта наметавонам.
– Не шумо аз ў беҳтар нақл мекунед бо ҳамон лаҳни кўдакона гуфт Нозанини чорсола.
– Набошад гўш кунед.
– Гўш мекунем дадаҷон.
– Буд набуд…

– Марҳамат ба хона дароед ҳамсоя, – гуфт Шаҳло Сорбони Ҳомидро дида.
– Ба ман Хуршед даркор.
– Марҳамат, дароед он кас дар хона.
Сорбони Ҳомид вориди хона шуд. Соҳибхоназан ўро ба меҳмонхона дароварда, хайрамақдам гуфт ва худ берун баромад.
– Дар ин сари субҳ ба вай чӣ лозим будааст? – шунид овози Хуршедро ў.
– Ду – се дақиқа пас Хуршед омад.
– Хўш омадед, – гуфт ў бо виқор ва Сорбони Ҳомид фаҳмид, ки ин ташрифи ў ба соҳибхона хўш наомадааст.
– Ман бо коре ба назди шумо омадам, ҳамсоя.
– Хўш шунавем, – бо ҳамон гуна виқори баланд гуфт соҳибхона.
– Ман фаҳмидан мехостам, ки шумо чаро дарахти дар пеши хона бударо буридед?
– Оҳҳо, вовчикҳо забон бароварданд – ку. Ман худам онро буридам. Боз чӣ мехоҳед?
– Дар ҳаётатон як дарахт нашинондаед? Чӣ ҳақ доштед, ки онро буридед?

пешина
аз 408
навбатӣ