АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ман нафаҳмидам, ки дар ин бора ба шумо ҳисобот додан лозим меояд, вагарна ҳамаро ба қайд мегирифтам. Шуморо бовар мекунонам, ки минъбад ҳамин хел хоҳам кард…
– Охир ҳамагӣ ду якшанбе гузаштааст. Якшанбеи дирўзааш лозим не, шумо ақалан якшанбеи гузаштаро ба ёд биёред.
– Ҳа, дар ёдам омад, он рўз ман ба бозори молҳои савдои яклухт рафта будам.
– Кӣ метавонад инро исбот кунад?
– Ман худам ягон шиносро вонахўрдам, вале шояд ягон кас маро дида бошад.
– Аз бозор ягон чиз харидед?
– Як чой.
– Шояд чойфурўш шуморо шиносад.
– Намедонам, чӣ шинохтани ман магар он қадар зарурият дорад?
– Бале.
– Магар аз ман гумонбаред?
– Не, вале мо бояд ҳамаро санҷем.
– Як пажўишгоҳро.
– Не, танҳо шахсонеро ки ба марги Боқиев манфиатдор буданд.
– Хўш гўед, ки аз марги як бандаи мўъмин ба ман чӣ манфиате мерасад? Ё ў маргро танҳо бурдааст? Охир мо ҳам мирандаем, пас марги ў ба мо чӣ даркор?
Дар ҳамин вақт телефон занг заду Муллоев гўшакро бардошта худро муаррифӣ кард.
– Ин ман…
Сорбони Ҳомид овози занро шунид, вале соҳиби утоқ пешдастӣ карда, шумо хатто кардед, – гўён гўшакро ба ҷояш гузошта гуфт.
– Вақтҳои охир ба як рақам телефон карда, ба дигар ҷо меафтӣ, ин телефонҳо ҳам фасод шудагӣ.
– Ҳамин хел шудааст, чӣ илоҷ, – гуфт милисионер то каме ҳам бошад соҳиби утоқро бовар кунонад, ки ба суханаш бовар кард.
– Чӣ хел ман исбот намояд, ки дар ҳамон рўзу соати гуфтагии Шумо дар бозор будам,– каме ором шуда гуфт Муллоев.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё