Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър

ЖОЛАИ ИСФАҲОНӢ

ОРЗУИ МО
Озодаему сулҳу сафо орзуйи мост,
Ҳар ҷо асар зи ному нишон нест кӯйи мост.
Дарвешу дилхушему гадоему покбоз,
Афтодагӣ, шикастадилӣ низ хӯйи мост.
Аз нағмаҳо, ки булбули сармаст мезанад
В-аз хандаҳо, ки ғунча кунад гуфтугӯйи мост.
Маҳви ҷамоли шоҳиди мақсуд гаштаем,
Шодем, аз он ки дидаи ӯ низ сӯйи мост.
Моро ба обу донаи дунё чӣ илтифот,
К-ин дидагони ашкфишон обрӯйи мост?
Дузд аз сарои мардуми муфлис чӣ мебарад?
Ин бӯрёи пораи мо, ин сабӯйи мост.
Гар кулбаи муҳаққари моро чароғ нест,
Бошад чӣ ғам чу моҳи фалак рӯ ба рӯйи мост.
Ворастаему мулки қаноат гузидаем,
З-ин рӯй, Жола, гунбади гарданда кӯйи мост.
НУРИ ХУДО
Баъд аз ин дилро пур аз нури Худо хоҳем кард,
Рӯҳро бо меҳри Яздон ошно хоҳем кард.
Бо ҳарифони ситамгар меҳрубон хоҳем буд,
Гар ҷафо бинем аз ёрон вафо хоҳем кард.
Чеҳраро созем аз нури ҳақиқат тобнок,
Хештанро мазҳари сулҳу сафо хоҳем кард.
Андар ин бӯстон зебо ҳамчу боди навбаҳор,
Уқдаи ғам аз дили чун ғунча во хоҳем кард.
Гар шавем аз суҳбати носози мардум тангдил,
Хешро ҳамсуҳбати боди сабо хоҳем кард.

аз 263
навбатӣ