Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Даруни чашми ту андӯҳ мезанад фарёд,
Ки бе мубориза рафтаст зиндагӣ барбод.

Зи ранҷу дарди гузашта абас дареғ магӯй,
Ки ҳаст дарди ту сад бор беҳ зи бедардӣ.
Ту насли осии асрию сарбаландӣ аз он,
Ки пеши зӯру ситам сар фурӯ наовардӣ.

Касе, ки яктана бо сарнавишт меҷангад,
Чу говбоз, ки тақдири ӯ бувад пайкор.
Гаҳе зафар ба каф орад, гаҳе шикаст хӯрад,
Асос ҷаҳди мудом асту дидаи бедор.

Баҳори муждарасон, эй баҳори муждарасон,
Ба базму сангари озодагон гулафшон бош.
Паёми тозаи пирӯзию умед овар,
Барои муртазирон беҳтарин баҳорон бош.

АЗ МАҶМӮАИ «АГАР ҲАЗОР ҚАЛАМ ДОШТАМ»

АГАР ҲАЗОР ҚАЛАМ ДОШТАМ

Агар ҳазор қалам доштам,
Ҳазор хома, ки ҳар як ҳазор муъҷиза дошт,
Ҳазор мартаба ҳар рӯз менавиштам ман,
Ҳамосаеву суруде ба номи озодӣ.

Агар фириштаи исёну хашм будам ман,
Ҳазор сол аз ин пеш мерабудам ман,
Сукуту сабри ғамолудаи ғуломонро.
Ба кӯи бардафурӯшон равона мегаштам,
Барои ҳалқабагӯшон суруд мехондам.
Ки зиди бардагиву бардавору бардафурӯш,
Канизакони дилоро, ғуломҳои далер,
Ба по кунанд ҳазорон қиёми озодӣ.
Ки ҳеч кас нашавад бандаи касе дигар,
Ки роҳу расми ғуломӣ равад зи ёди башар,
Касе набошад ҳатто ғуломи озодӣ.

Агар ҳазор қалам доштам - забони расо,
Ба ҳар чӣ ҳаст забон дар саросари дунё,
Ба халқҳои гирифтори зулм мегуфтам,
Ба решаҳои асорат, агар ки теша занед
Гирифтаед шумо интиқоми озодӣ.

Ба рӯйи санги мазорам ба шуъла банависед,
Ки сӯхт дар талаб ин ташнакоми озодӣ.
Чӣ ошиқона ба дидори Офтоб шитофт,
Ки бишкуфад саҳари сурхфоми озодӣ.
Ҳазор соли дигар гар зи хок бархезам,
Ба асри хеш фиристам саломи озодӣ.

Ҳазор соли дигар наслҳои инсонӣ,
Зи як ситора ба сӯи ситорае дигар,

пешина
аз 263
навбатӣ