ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Рангҳо дар пеши чашмам ҷилвагар шуд,
Рӯҳам аз рози бузурге бохабар шуд.
Дар дилам ҷӯшид ишқе осмонӣ,
Хостам ҳар кас маро бинад шавад сармасти бӯям,
Хостам зебоиям бахшад ба дилҳо шодмонӣ.
Осмони гарми равшан зад басе бӯса ба рӯям,
Гирди ман рақсид занбӯри тилоӣ,
Ҳар паранда хонд дар гӯшам навои ошиқона,
Шуд чаман лабрез аз ишқу тарона.
Эй насими субҳдам!
Бишнав паёмам:
«Чун шавам рӯзе дар оғӯши ту пар - пар,
Атри ишқамро ба он гул деҳ,
Ки рӯяд соли дигар».
ГАР ҚОИҚАМ НИШАСТ БА ХУШКӢ
Ман қоиқам ба хушкӣ
Нимо Юшич
Гар қоиқам нишаст ба хушкӣ
Фарёд мезанам,
То пур шавад зи наъраи ман гӯши осмон,
То ҳар чӣ ҳаст борон дар рӯҳи абрҳо,
Борад ба рӯйи хоку шавад сели беамон.
То селҳо хурӯшаду тӯфон кунад ба по,
То хашми мавҷҳо,
Он қоиқи нишаста ба хушкиро,
Бар сатҳи пурталотуми дарё кунад равон.
Ман роҳи рост пеш бигирам чу сарнавишт
Пурпечу хам шавад ҳама ошуфта роҳҳош,
Ман мекунам талош,
То ҳар ки ёри мардуму хасми ситамгар аст,
Гӯяд ба бонги шод:
Ман қоиқам ба паҳнаи дарё шиновар аст,
Ман мерасам ба соҳили рахшандаи мурод,
Фардо, ки дар раҳ аст, аз имрӯз беҳтар аст.
ГИЁҲИ ВАҲШИИ КӮҲАМ
Гиёҳи ваҳшии кӯҳам, на лолаи гулдон,
Маро ба базми хушиҳои худсарона мабар.
Ба сардии хашини санг хӯ гирифта дилам,
Маро ба хона мабар,
Зодгоҳи ман кӯҳ аст.
Зи зери санге як рӯз сар задам берун,
Ба зери санге як рӯз мешавам мадфун.
Сиришти сангии ман ошёни андӯҳ аст,
Ҷудо зи ёру диёрам дилам намехандад.
Зи ман таровату шодиву рангу бӯй махоҳ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё