ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Шукуфон кун замини зодгоҳатро,
Шукӯҳи шеъри ман аз ту.
ДИДОРҲО
Дидори мо сапедадамони баҳор буд,
Дидори мо шарораи шабҳои тор буд.
Бедории муқаддаси як ҳисси тобнок,
Пирӯзии умеду гули интизор буд.
Мо дасти ҳам гирифта дар ин чархиши шигарф,
Бо шаҳпари раҳошуда парвоз мекунем.
Мо аз даҳони кӯчаки гулбӯи кӯдакон,
Фаввораҳои қаҳқаҳаро боз мекунем.
Дидори мо сапедадамони баҳор буд,
Пирӯзии умеду гули интизор буд.
ДАР ҚАТОР
Медавад осмон,
Медавад абр,
Медавад дарраву медавад кӯҳ,
Медавад ҷангали сабзи анбӯҳ,
Медавад рӯд,
Медавад наҳр,
Медавад деҳкада,
Медавад шаҳр,
Медавад теппаву медавад наҳр.
Медавад,
Медавад дашту саҳро,
Медавад мавҷи бетоби дарё,
Медавад хуни гулранги рагҳо,
Медавад фикр,
Медавад умр.
Медавад,
Медавад, медавад роҳ,
Медавад мавҷу маҳвораву Моҳ,
Медавад зиндагӣ хоҳ, нохоҳ,
Ман чаро гӯшае менишинам?
ТАНҲО, ТАНҲО
Танҳо-танҳо ба пойи кӯҳи баланде,
Танҳо-танҳо ба рӯйи реги биёбон
Меравад оҳиста бо ду пойи бараҳна.
Кӯҳ дар оғуши абр хуфта парешон,
Боди намолуда нола мекунад аз дур.
Пуштаи хоре ба пушти кӯдаки танҳост.
Пушти сараш солҳои кутаҳи беёд,
Рӯ ба рӯяш роҳи бекаронаи фардост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё