ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

МАН ВА ПАРВОНА
Дӯш он ёри паричеҳра рух афрӯхта буд,
Наргиси маст ба дидори дигар дӯхта буд,
Гарчи худ дарси ғаму ҳасратам омӯхта буд,
Ғофил аз сӯзу гудози мани дилсӯхта буд.
Гарми худ буду назар бар мани бечора надошт,
Хабар аз сӯзи дили ошиқи овора надошт.
Бо мани ғамзадааш ҳеч сару кор набуд,
Кори ӯ ғайри ситамгорию озор набуд,
Зи ғами ишқи бутон хастадилу зор набуд,
Ӯ ба сони мани шӯрида гирифтор набуд.
Хотираш буд зи муштоқию ғамхорӣ дур,
Чеҳрааш буд чу гулҳои баҳорӣ масрур.
Чӣ басо шаб, ки фурӯ бастаам ин чашми пуроб,
То магар чеҳраи зебои ту бинам дар хоб,
Лек бурдаст чунон сӯзи ғамат аз ман тоб,
Ки бувад хоб ба чашмони тарам ҳамчу сароб.
Бурда ҳаҷри ту зи ман сабру шикебоиро,
Сӯхтӣ з-оташи ғам ин дили савдоиро.
Дар ғами ҳаҷри ту, эй ёри писандидаи ман,
На аҷаб, гар бичакад хуни дил аз дидаи ман,
Шуъла афрӯхтӣ, андар дили ғамдидаи ман,
Макун ин ҷавр ту бар хотири ранҷидаи ман.
Бар мани сӯхтадил ин қадар озор макун,
Пеши ёрони дигар меҳри маро хор макун.
Гар туро шамъсифат чеҳраи ҷонона набуд,
Оташи ишқ ба ҷони ману парвона набуд.
Гар мани ғамзадаро ин дили девона набуд,
Сару корам ҳама бо мардуми бегона набуд.
Жола, аз ҳаҷри рухи ёр ҳикоят чӣ кунӣ?
Зи дили танги табаҳкор шикоят чӣ кунӣ?
ҲАДИСИ ИШҚ
Дигар бор он маҳи зебо намуд оҳанги рафтанҳо,
Ба ҳаҷраш гашт кори ман гуҳар аз дида суфтанҳо.
Маҳи номеҳрубони ман, ғаму дардам куҷо донад?
Ҳама шаб бо ғаму ҳасрат миёни ашк хуфтанҳо.
Чаман, эй навбаҳори ман, бувад пурлолаву сунбул,
Маро фарёд чун булбул, туро чун гул шукуфтанҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё