ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Боре чӣ мекашид зи ғам Жолаи ҳазин,
Ин рӯзгори сифла агар даргузар набуд.
МУРҒИ ҒАЗАЛХОН
Кош, эй дил, ин қадар шӯридаву шайдо набудӣ,
Кошки бо дардмандӣ ҳамнишини мо набудӣ.
Метавонистам зи мардум ман туро пинҳон намоям,
Гар ба шакли ашки гулгун бар рухам пайдо набудӣ.
Метавонистам бисозам бо ҳама дарду ғами худ,
Гар ту дар нокомии ман зору пурсавдо набудӣ.
Кори ман ҳаргиз намешуд ин қадар зору парешон,
Гар ту дар мулки вуҷудам ҳокиму оқо набудӣ.
Тири сайёди табиат офати болат намешуд,
Гар ту, эй мурғи ғазалхон, масту бепарво набудӣ.
Жола, аз лаззоти оне, мешудӣ хурсанду хуррам,
Гар ту огоҳ аз нишот олами маъно набудӣ.
МУРҒИ ДИЛ
Агар ин гунбади гарданда ҷафокор набуд,
Кори ӯ бо мани савдозада озор набуд.
Орзу шуъла барафрӯхта месӯхт дилам,
Гар мани ғамзадаро чашм гуҳарбор набуд.
Мурғи дил дӯш парид аз қафаси сина бурун,
Сархуш он гуна, ки гӯеш гирифтор набуд.
Лаҳзае кард чу дар гулшани маънӣ парвоз,
Навгуле дид, ки парвардаи гулзор набуд.
Маст шуд, шефта шуд, дод дилу дин аз каф,
Орзуеш ба ҷуз дидани дилдор набуд.
Розҳо буд миёни ману боди саҳарӣ,
Кас аз он суҳбати сарбаста хабардор набуд.
Гар набудам мани савдозада саргаштаи ишқ,
Ҳама лаззоти ҷаҳон дар назарам хор набуд.
ЖОЛА—2
ЗИНДАГОНИИ МАН
Чӣ талх мегузарад, оҳ, зиндагонии ман,
Чӣ қадр пуршару шӯр аст ин ҷавонии ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё