ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ба гоҳи меҳр чу хуршед чеҳра афрӯзед,
Ба гоҳи бахшиш дарёи бекарон бошед.
Ба ҷуз накӯӣ чизе ба ҷо нахоҳад монд,
Ба кори нек гароеду ҷовидон бошед.
Кунед вақфи Ватан ҷони хеш чун Жола,
Ки сарбаланду сарафроз дар ҷаҳон бошед.
БА ДӮШИЗА ПАРТАВ
Эй ҷони дил, зи шаҳри Сипоҳон сафар макун,
Моро чу лола дар ғами худ хунҷигар макун.
Бигзор дар ғами ту бисӯзам ба ҳоли хеш,
З-ин беш оташи дили ман шуълавар макун.
Ин гуна ҷавр бар мани бедил раво мадор,
Ин сон ҷафо ба ҳоли мани дар ба дар макун.
Бингар ба оби дидаам, эй моҳ, рӯйи худ,
Дар Зиндарӯд акси Қамарро назар макун.
Ман ғунчаи муҳаббати худ медиҳам ба ту,
Ин навгули азизи маро зуд пар макун.
Аз хотири чу барги гулат, Жола, маҳв шуд,
Аз ман гузашт, лек ҷафо ин қадар макун.
ҒАЗАЛ
Эй булбули фасурда, биё, нола сар кунем,
Шабро ба ёди он гули зебо саҳар кунем.
Мо ҳарду ошиқему парешону дардманд,
Оҳу фиғон ба ёди дили якдигар кунем.
Гӯем бо сабо ғаму дарди фироқро,
Фарёд аз он ду наргиси ошӯбгар кунем.
Акнун, ки рафта он гули зебо ба хоби ноз,
Хуштар бувад, ки замзама оҳистатар кунем.
Имшаб ба ёди он маҳи рахшанда, Жолавор,
Домони худ зи ашки равон пургуҳар кунем.
БА ДӮСТОНИ ТЕҲРОНӢ
Дӯстон, боз мани дилшуда маҳҷур шудам,
Аз ғами рӯйи шумо хаставу ранҷур шудам,
Дар ба дар гаштаму бо дарду маҳан ҷӯр шудам,
Оҳ, аз он лаҳза, ки аз пеши шумо дур шудам.
Чӣ қадар ашк фурӯ рехтам аз дидаи зор,
Тунд чун умри мани ғамзада мерафт қатор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё