ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Худоё, мурдам аз дасти ҷавонӣ,
Ба танг омад дилам аз зиндагонӣ.
Худоё, аз ҷавонӣ гаштаам сер,
Ҷавонам, аз ғаму меҳнат шудам пир.
Ба ман сӯзи ҷавонӣ аз чӣ додӣ?
Чаро дар синаам оташ ниҳодӣ?
Агар кардӣ ғаму меҳнат насибам,
Надодӣ аз чӣ рӯ сабру шикебам?
Чу оташ мениҳӣ бар устухонам,
Намедонӣ, ки месӯзӣ равонам?
Худоё, серам аз ин ҷисми нангин,
Шуда пуштам хам аз ин бори сангин.
Аз ин дасту аз пову аз ин сар,
Аз ин қалбу аз ин пӯсида пайкар.
Чунон серам, чунон безору зорам,
Ки яксар талх гуфта рӯзгорам.
Чу хокистар шавад болу пари ман,
Барояд нола аз хокистари ман.
Кунам з-ин хилқати носоз фарёд,
Бисӯзам хирмани ҳастӣ зи бунёд.
Худоё, авф мефармо гуноҳам,
Ки дар даргоҳи адлат рӯсиёҳам.
Худоё, бандаи хору хафифам,
Чу мӯри нотавон зору заифам.
Надорам тоқати сармову гармо,
Ту худ, ё Раб, гуноҳи ман бибахшо.
Худовандо, туам пушту паноҳӣ,
Надорам ғайри даргоҳи ту роҳе.
Агар дорам дар олам орзуе,
Гарам бошад ба пинҳон гуфтугӯе.
Бувад васли ту, ё Раб, орзуям,
Дар атрофи ту бошад гуфтугӯям.
Дилам аз сӯзи ишқат чок-чок аст,
Зи анвори ту қалбам тобнок аст.
Ман аз шавқи висолат маҳву мастам,
Чу Жола сархуш аз ҷоми аластам.
САРГАШТА
Хотире нест, ки аз ишқи ту маҳзун набувад,
Набувад дил, ки зи дурии рухат хун набувад.
Нашавад хурраму хандон, набарад лаззати гул,
Ҳар кӣ дилдодаи он чеҳраи гулгун набувад.
Лола шодобтар аз чеҳраи зебои ту нест,
Сарв раънотар аз он қомати мавзун набувад.
Ҳар ҷафое, ки писандӣ ба мани зор бикун,
Бикуш он банда, ки аз ҷаври ту мамнун набувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё