ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Надимҳо:
Саодатманду хурсанду ҷавонӣ,
Ба зебоӣ, ту шоҳи духтаронӣ.
Дурахшон ҳамчу моҳи осмон бош,
Зи бахти равшани худ шодмон бош.
Шаҳин ворид мешавад. Надимҳо аз ҷо бархоста таъзим мекунанд.
Шаҳин:
Рухам ҳамвора бошад шоду дилбанд,
Дилам пуршавқу ҷонам орзуманд.
Занад бар чеҳраам иқбол лабханд,
Манам, оре, зи бахти хеш хурсанд.
Қарини шавкату ҷоҳу ҷалолам,
Надорад ҷилва гул пеши ҷамолам.
Надимҳо:
Ту, эй гул, соҳиби ҳусну ҷамолӣ,
Қарини иззату ҷоҳу ҷалолӣ.
Саодатманду хурсанду ҷавон бош,
Зи бахти равшани худ шодмон бош.
Шаҳин:
Дилам шайдои ёре меҳрубон аст,
Нигори ман чу Моҳи осмон аст.
Ба сони лолаҳои бӯстон аст,
Чӣ гӯям? Ҳар чӣ гӯям, беҳ аз он аст.
Ҳар он чизе, ки бас некӯст, дорад,
Маро чун ҷони ширин дӯст дорад.
Надимҳо:
Шумо пайваста бо ҳам ёр бошед,
Ҳамеша меҳрубон дилдор бошед.
Ҳамора шоду камозор бошед,
Зи бахти хеш бархурдор бошед.
Писарбача ворид мешаваду дар ҳоле, ки ҷавоҳироти ирсолии Шаҳриёрро тақдим мекунад, мегӯяд:
Фиристода шаҳзода садҳо дуруд,
Туро кард тақдим ин ҳадяро.
Биояд ба дидорат он моҳ зуд,
Хушу шод зӣ, эй маҳи дилрабо!
Надимҳо яке-яке ба Шаҳин наздик шуда ҷавоҳиротро ба сару рӯяш мезананд.
Яке аз надимҳо:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё