Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он гаҳ, ки ду дасти кӯчаки ту,
Чун ҳалқа фитад ба гардани ман,
Гӯӣ бувадам ҷаҳон дар оғӯш,
Ларзад зи муҳаббатат тани ман.

Модар чӣ фидоии аҷибест,
Аз худ гузарад барои фарзанд.
Модар дилу ҷону зиндагиро
Бо меҳр кунад фидои фарзанд.

Эй кӯдаки дилнишини зебо
В-эй навгули зиндагонии ман,
Гар сар бидиҳам, намесупорам,
Як лаҳза туро ба дасти душман.

Гар пашша ба суратам нишинад,
Аз ҷой парам, шавам дигаргун.
Охир чӣ таҳаммуле, ки бинам,
Афтӣ ту миёни оташу хун?

Гар чашми маро кананд аз ҷой,
Гар қалби маро кунанд пора,
Ҳозир нашавам, ки шуълаи ҷанг,
Оташ занадат ба гоҳвора.

Чун ман ҳама модарони гетӣ,
Доранд зи ҷанг нафрату нанг.
Эй лаънати модарони дунё
Бар ҳар кӣ фурӯзад оташи ҷанг!

ШАБИ СОЛИ НАВ

Намедонам, шаби Соли Нав,
Он шаҳре, ки ҳастӣ ту,
Кабуд осмонаш
Аз ҳазорон ахтари равшан чароғон аст,
Ё бод асту борон аст?
Ё барфе, ки ях бастааст рӯйи шохаҳо,
Ҷоми булӯрини дарахтон аст?

Намедонам, шаби Соли Нав,
Он ҷоме, ки нӯшӣ ту,
Ба шодии кадомин ёри зебоест,
Бо чӣ орзуҳоест?

Дар он шодии мастона
Агар дар ҷом дидӣ чашми мастеро,
Зи дурии Ватан - дур аз ту ашкафшон,
Агар ёди ман оташ зад ба паймона,
Бихӯр, он шуъларо биншон.

Ки мехоҳам шаби Соли Нав,
Бо ҳар кас, ки ту ҳастӣ,
Шод бошӣ ту.

пешина
аз 263
навбатӣ