Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Боди баҳор ҷону танатро ҷавон кунад,
Бори дигар парандаи гумкардаошён,
Боз ояду ба шохи гулат ошён кунад.
Эй борвар дарахт, ту дар интизор бош,
Дар интизори парчами сабзи баҳор бош.

ГАРДИШ ДАР МОҲ

Дар ёд дорам дар кӯдакӣ басе шабҳо,
Ки буд базми сипеҳр аз ситораҳо равшан.
Ба Моҳи дури дурахшон нуҳуфта мегуфтам,
Чӣ мешуд, эй Маҳ, агар мешудӣ арӯсаки ман.

Ки аз латифтарин абрҳои симобӣ,
Либоси нозуки чиндор бар ту пӯшонам.
Зи торҳои тилоии офтоби баҳор,
Туро ду хирмани гесӯ ба шона афшонам.

Ситораҳои шабафрӯзро чу марворид,
Ба банди қавси қузаҳ карда гарданат бандам.
Куҷост болу паре, оҳ, то кунам парвоз,
Ки бар висоли ту, эй Моҳ, орзумандам.

Ба рӯйи инсон дарҳои осмон шуд боз,
Кунун манам, ки дар он киштии фалакпаймо,
Ба сӯйи Моҳи дурахшанда мекунам парвоз.
Зи шодию ҳаяҷон ларза бар танам уфтад,
Ниҳам чу бори нахустин қадам ба шонаи Моҳ.
Фароз силсилаи куҳҳои сардаргум,
Ситораҳо чӣ дурахшон дар осмони сиёҳ.

Танам сабук шуда парвоз мекунам озод,
Ду чашми ман нигарон аст бар замини азиз,
Ки ҳамчу доси бузурге дурахшад аз он дур,
Умедбахшу навозишгару нишотангез.

Миёни ин ҳама аҷроми равшани фалакӣ,
Замин, замини хуҷаста барои ман Ватан аст.
Ба рӯйи ин кураи ошнои беором,
Ҳазор чашми дурахшон дар интизори ман аст.

КӮДАКИ ҚАЛАМЗАН

Эй кӯдаки қаламзан, санъатгари ҳунарманд,
Дар кунҷи коргоҳи намноки нуқрасозӣ.
Бо он ду дасти кӯчак дорӣ чӣ мекунӣ ту,
Кор аст, ё ки бозӣ?

Ангуштҳот захм аст, Пайдост тозакорӣ,
Заҳмат кашӣ шабу рӯз, аммо гуруснаӣ боз.
Чун мурғи болбаста биншастаиву дорӣ,
Ҳар лаҳза майли парвоз.

пешина
аз 263
навбатӣ