ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Пас аз як лаҳза дайёре намонд он ҷо,
Ба ҷуз он пири танҳо,
Бо сетораш,
Ҳазрати воло ҳам ӯро дид дар роҳи шикораш.
Рӯзи дигар дар ғуруби нилии хомӯш,
К-аз боди парешон,
Панҷаҳои сабзи ҳар шохи чаноре,
Мезад сеторе,
Пирмард омад ба саҳро,
Бо ду дасти захмдораш,
Бе сетораш,
Мардуми деҳ даври ӯ ғамгину ҳайрон.
Занҳои онон,
Бо сари ангуштҳо хушконда мижгонҳои тарро,
Зери лаб оҳиста медоданд бар ҳам ин хабарро:
Тӯйи девонхона имшаб,
Пошро бар чӯб бастанд,
Сеторашро шикастанд,
Мисли саг бар ӯ париданд,
Панҷаҳояшро буриданд,
То дигар мо нашнавем овози ӯро,
Сози ӯро.
Пирмард аз меҳри ёрон,
Шодмон шуд.
Бо садои ларзадораш,
Бе сетораш,
Боз ҳам овозхон шуд:
Хӯша гандум зи боди субҳдам,
Гардани борики худро карда хам,
Эй деҳотӣ дар деҳи мотамзада,
То каю чандӣ гирифтори ситам?
Ох, дилей, дилей, дилей, дилей.
Сӯзиши ангуштҳояш,
Шуълавар шуд дар садояш
В-он садо дар кӯҳҳо печид.
ГУНОҲИ МУҚАДДАС
Ин чаҳор зан монанди занҳои дигар номи муайяне доранд, аммо дар зиндон онҳоро Рӯсабӣ, Дузд, Одамкуш ва Муҷрими сиёсӣ меноманд. Ман ҳам ин корро кардам.
Як дахмаи танги нимравшан,
Як равзану мелаҳои оҳан,
Озоргаҳи чаҳор инсон,
Ҳама зан,
Зиндон.
Он гӯша нишаста рӯйи саку,
Як шохи гули сапеди худрӯ,
Рӯзе,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё