НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
ДАСТЁР
Дастёри очам
Манам дар хона.
Ёрӣ диҳамаш
Ман бебаҳона.
Хамир мекунам
Очаам барин,
Худам мепазам
Нонаки ширин.
Онро аз танўр
Меканам тафсон.
Рўякаш суп-сурх,
Зеби дастархон.
Канӣ, шиканед
Нонаки маро,
Марҳамат кунед,
Орад иштиҳо!
НОН МЕПАЗАМ
Нон мепазам,
Нон мепазам,
Нони фаровон мепазам.
Ҳар кас хўрад нони танўр,
Афзоядаш дармону зўр.
Нони мулоим фаллакор,
Болаззат асту хушгувор.
Нонам ҳама бомазза аст,
Нонам ҳама боҷазза аст.
Аз таъми чаппотии ман
Ёбад ҳаловатҳо даҳан.
Нон мепазам,
Нон мепазам,
Ман роҳати ҷон мепазам.
Нонро ба дастурхон ниҳам,
Дар пеши меҳмонон ниҳам.
Аз меҳнати дастони ман,
Лаззат барад меҳмони ман.
МОҲМОМО
Момои ман, момои ман,
Момои моҳмомои ман,
Дар гирди ту истораҳо –
Набераю абераҳо.
Пўшида хилъати сафед
Нуру сафо меоваред,
Момои тори осмон
Биё, ба рўи ҳавлимон.
Кулчаи қандинам бите,
Лаълии зарринам бите,
Монанди рўят гирдакак,
Фатири нақшинам бите.
ДОДАРАКАМ
Додараки нағзи ман,
Донаи пурмағзи ман.
Мағзи донаи ширин,
Ниҳоли сарсабзи ман,
Аллаҷонам,аллаё
Мағзи ҷонам, аллаё.
Абре дар аввали шом
Омад ба болои бом,
Болини сафед овард
Монанди қарси момом.
Аллаҷонам,аллаё
Мағзи ҷонам,аллаё.
Кайҳо дар назди ҷевон
Алла намуда мошон.
То ки ором хобӣ ту,
Хуррак намекашад он.
Аллаҷонам, аллаё
Мағзи ҷонам, аллаё.
Фақат обаки ҷўбор
Намехобад, вай бедор.
Бо овози маҳинаш
Мегўяд алла ҳар бор.
Аллаҷонам, аллаё
Мағзи ҷонам, аллаё.
ШАҲДУ ШАКАР МАРҲАМАТ!
Холаҷони ман омад,
Меҳрубони ман омад.
Аз як шаҳри дур омад,
Бо лаълии пур омад.
Фатири нақшин овард,
Кулчаи қандин овард.
Дорад мавизу чормағз,
Холаи ман хеле нағз!
Биёед ,эй ҷўраҳо,
Равем ба ҳавлии мо,
Аз савғоҳои холам
Дастархон мекушоям.
Кўлчаи нағз мехўрем,
Пистаи мағз мехўрем.
Шаҳду шакар, марҳамат,
Ҳалвои тар марҳамат!
ХОЛАИ ДИЛСўЗ
Дарзии хушдўз,
Холаи дилсўз.
Куртаи ту
Лолаи Наврўз.
Холаи ғамхор,
Кори ту бисёр,
Дўхтӣ бар ман
Куртаи гулдор.
Тугмаҳои он
Чун садаф зебо,
Медиҳад аз дур
Дар барам ҷило.
Бар ман бизебад
Куртаи гулдор,
Бар ту мегўям:
– Раҳмати бисёр!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё