НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
ЛӮБИЁ ВА ҶУВОРӢ
Аз сари сол ду дона,
Гўё шуданд ҳамхона.
Ҷуворию лўбиё,
Сар кашиданд аз як ҷо.
Лўбиёи ҷойдорӣ
Ба пояи ҷуворӣ
Часпида буд дудаста,
Қад мекашид пайваста.
Аз гўши ў ҷуворӣ
Кашида, медод ёрӣ.
Ёри якдигар шуданд,
Ҳар ду баробар шуданд.
Қад кашида ба боло
Ҳосил оварданд онҳо.
Бе пуштибон лўбиё
Ҳосил намедод асло.
ГУЛПАРВАРӢ
Намудем аз ҳар ҷо ғун,
Тухмиҳои гуногун.
Гули ошиқи печон,
Тоҷи хурўсу райҳон.
Намозшому настаран,
Хайрии сурху савсан.
Дар ҷўяҳои қатор
Коштем авали баҳор.
Гулҳоро кардем парво,
Шукуфтанд пешу қафо.
Гулгашти кўчаи мо
Шуд кирои тамошо.
КАДОМ ГУЛ ХУШБӮЙ?
Шабпарак, шабпарак,
Болҳоят бодпарак.
Ба дида хушнамо
Ба сони қаҳрабо.
Ба савсан, ба райҳон
Ба наргис, ба ҳолмон
Ба рўи лолаҳо
Нишинӣ доимо.
Бигў, эй гулшинос,
Мекунам илтимос.
Кадом гул хушрўяст,
Кадом гул хушбўяст?.
БОЙЧЕЧАК
Гули хушрў, бойчечак,
Гули худрў, бойчечак.
Паёми навбаҳорӣ,
Ҳай зеби тоқӣ дорӣ.
Чинамат даста-даста,
Тозон барам ба раста,
Раста пури гул шавад,
Ҳар кас туро бибўяд,
Биболаду бигўяд:
Бўйи бойчечак омад,
Тўйи бойчечак омад.
ГУЛИ НАВРӮЗӢ
Гули наврўзии ман,
Тоқии гулдўзии ман.
Дар боғи мо бишкуфтаӣ,
Чун бахти фирўзии ман.
Ҳастӣ навиди навбаҳор,
Зеби шукўҳи марғзор.
Бигрифтаӣ, хуррам шуда,
Дашту даманро дар канор.
Ҳусни навӣ дар боғу роғ,
Гаштем аз ту хушдимоғ.
Мурғи саҳар омад зи дашт,
Акнун туро дорад суроғ.
Аз лутфи борони баҳор
Бошад туро авҷу барор.
Мо ғаллакорӣ мекунем,
Файзу фаровонӣ биёр.
Айёми фирўз омада,
Дар иди наврўз омада.
Рақсу ғазалхонӣ кунем,
Моҳи дилафрўз омада.
СЕБАРГА
Себаргаҷон, себарга,
Дорӣ гулҳои ранга,
Баргони каб-кабудат
Метобад танга-танга.
Шарбати ширин дорӣ,
Шарбати доруворӣ.
Оруҳои асалро
Шарбатхўрӣ меорӣ.
ГУЛИ ҚАНДАК
Гули қандак,
Гули қандак,
Гули хушрў,
Гули хушбў.
Ту, эй ору,
Марав ҳар сў,
Бишин андак
Сари қандак.
Барои мо
Аз он фардо
Намо тайёр
Асал бисёр.
ГУЛИ ҚОҚУ
Гули қоқу, гули қоқу,
Гули хушбў, гули хушрў.
Ба сар зебо лапар дорӣ,
Ба сар зебо лапар дорӣ,
Лапар не, тоҷи сар дорӣ.
Ба каф тоҷи туро монам,
Ба роҳи бод ҷунбонам.
Ба мисли болаки шаҳбоз
Кунад дар осмон парвоз.
Лапар бар сар гули қоқу,
Дур аз мо пар, гули қоқу.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё