НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
Мўяш базебу ҷингила,
Дар гарданаш як зангўла.
Мезад қадам буз бовиқор,
Меҷуст ризқ аз марғзор…
Вақте ки дидам раммаро,
Шодикунон додам нидо!
– Ин раммаи колхозамон,
Маҳмадамон сардори он.
Бишнохт ў бо як нигоҳ,
Ҳозир бишуд дар назди мо.
Пас аз салому пурсупос,
Гардид бо Собир шинос.
Гуфто: «Наҷот ин барраро,
Додед, раҳмат бар шумо!
Санг омада бар вай задаст».
Пойи варо чўпон бубаст.
Рафтем баъд ҳамроҳи ў,
Бар қўраи домони кўҳ.
Кардем ғун хошоку хас,
Дар дода гулханро сипас.
Мо чор ёри ҳамдиёр
Кардем суҳбат гирди нор.
Аз ҷўраву хешу табор,
Аз хонишу аз кору бор.
Даҳ рўзу шаб он ҷо будем,
Ғарқи тамошоҳо будем.
Бар дашту бар домони кўҳ,
Бар қуллаҳои бошукўҳ.
Бар пуштаву саҳро чаро
Бурдем ҳар гоҳ рамаро.
Он барра чун сиҳат биёфт,
Думболи моми худ шитофт…
Дар бозгашти раҳ ба ман
Собир бигуфто ин сухан:
– Деҳ, ҷўраҷон, бар ман ту даст,
Чўпонӣ ин касби хуш аст.
Таҳсили мо гардад тамом,
Оем ин ҷо бардавом.
Додам ҷавоби ў чунин:
–Мақсуди ман ҳам буд чунин.
МОҲИЧА ВА КАФЛЕСАК
Даруни оби кўлмак,
Мегашт якто кафлесак.
Кафлесаки думдароз,
Буд кори вай даву тоз.
Оби тираи кўлма,
Мефорид ба кафлесак.
Як рўз борон биборид,
Об аз ҳар сў бишорид.
Аз оби рўди калон
Моҳичае он замон,
Ба оби кўлмак омад,
Пеши кафлесак омад.
Ҳар ду шиносо шуданд,
Дар як дам ошно шуданд.
Кафлесак ба ў гуфто:
– Кўлмаки мо чӣ зебо!
Обаш софу зулол аст,
Покизаю ҳало ласт.
Кўли базеби дунё
Ба фикри ман кўли мо!
Лек моҳича худ ба худ,
Карда ёди оби рўд.
Афсўси бисёр мехўрд,
Ғам дилашро мефишурд.
Дар як рўзи баҳорон,
Аз нав биборид борон.
Оби кўлмак равон шуд,
Сўи дарё давон шуд.
Моҳичаю кафлесак,
Баромаданд аз кўлмак.
Рафтанд онҳо лаби рўд,
Туғёни рўд мефузуд.
Моҳича бар кафлесак
Гуфто:
–Рўд хуб ё кўлмак?
Кафлесак аз тарси худ
Гуфто:
–Кўли мо хушрў,
Туғён намекунад он.
Биё, равем аз ин об,
То намонем дар гирдоб,
Моҳичаи хушнамуд
Даромад ба қаъри рўд.
Ҷонваракон аз он дам
Ҷудо гардиданд аз ҳам.
Ба ҳамаи ҷонварон
Азиз манзили худшон.
НӮЪМОН РОЗИҚ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё