Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

МАРОМИ НЕК

То ин ки аз китоб

Гардем баҳраёб,

Бар мактаби азиз

Дорем мо шитоб.

Хондан муроди мо,

Азми ниҳоди мо.

Меҳри муаллимон

Дар қалби шоди мо.

Дилҳо пур аз сурур,

Бе кинаву ғурур.

Дар роҳи дўстӣ

Моро назар ба дур.

Фардо аз они мо,

Роҳат ба ҷони мо.

Аз баҳри илму фан

Даври ҷавони мо.

Хонда ҷадал кунем,

Бар илм амал кунем.

Сад банди зиндагӣ

Бикшода ҳал кунем.

ДАР РОҲИ МАҚСАД

Аз шафати шаршара,

Аз бари Сумбулдара,

Аз раҳи хушманзара

Шод ба мактаб равем,

Шод ба мактаб равем.

Манзараҳо дилкушо,

Роҳати чашмони мо,

Хандакунон ҳар пагоҳ

Шод ба мактаб равем,

Шод ба мактаб равем.

Дар бағали мо китоб,

Лаб-лаби рўди пуроб,

Мисли сабо пуршитоб,

Шод ба мактаб равем,

Шод ба мактаб равем.

Мактабамон барҳаво,

Хотирамон пурсафо,

Бо дили масрур мо

Шод ба мактаб равем,

Шод ба мактаб равем.

Хонда сухандон шавем,

Одами пурдон шавем,

Лоиқи даврон шавем,

Шод ба мактаб равем,

Шод ба мактаб равем.

РАҲМАТ АЛИФБО!

Ақлу тамизи ман туӣ,

Дўсти азизи ман туӣ.

Дар хонаю мактаб мудом

Болои мизи ман туӣ.

Бо ҷўраҳо дар синфи як,

Ҳарфи туро ман як ба як

Ҳар рўз мехонам равон,

Ҳастам агарчӣ хурдакак.

Ҳар ҷо равам, бошӣ ба ман,

Ҳамроҳи ман созӣ сухан.

Раҳмат ба ту, аввал ба мо

Додӣ сабақ аз илму фан.

КИТОБ

Бар ман сабақ додӣ китоб,

Гул дар табақ додӣ китоб,

Ту орзуҳои маро

Аз ҳар варақ додӣ китоб.

Ту ҳамдами сози манӣ,

Ду боли парвози манӣ.

Дар хонаву дар мактабам

Ҳамроҳу ҳамрози манӣ.

Ман мисли ҷон дорам туро,

Рўҳу равон донам туро.

Бар ман, ки мебахшӣ сурур,

Пайваста мехонам туро.

МУАЛЛИМИ МО

Панди туро мо

Гирифта бар гўш,

Намекунемаш

Асло фаромўш.

Муаллими мо,

Муаллими мо.

Додӣ сабақҳо

Аз меҳрубонӣ,

Дар ҷабҳаи кор

Ҳам зиндагонӣ.

Муаллими мо,

Муаллими мо.

Муҳаббати мо

Бар ту калон аст,

Ҳурмати номат

Бар мисли нон аст,

Муаллими мо,

Муаллими мо.

Соҳиби дониш

Бинмудӣ моро,

Бахшидӣ бар дил

Файзу сафоро,

Муаллими мо,

Муаллими мо.

Сарсабзии мо

Аз меҳнати туст,

Чун модари худ

Дорем мо дўст.

пешина
аз 32
навбатӣ