Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БА ҶОЙИ САРСУХАН
Дар олам фақат Замини мо аҳолӣ дорад – гуфтан монанди он аст, ки дар миллион гектар гандумзор танҳо як хӯшаи донаҳояш сара мерӯйида бошад. Коинот азбаски аввалу охир надорад ва гузаштаю ояндааш ҳам беҳадду худуд аст, дар он мисли Замини мо сайёраҳои одамнишин кам нестанд.
Бо мақсади омӯхтани ин гуна сайёраҳо Ассотсиатсияи низоми офтобӣ ба ҳар гӯшаи Галактика бо мушак одам мефиристод ва маълумоти зарурӣ ҷамъ мекард.
Шӯрои Ассотсиатсия қарор дод, ки ба ин кор минбаъд намояндагони ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, ҳатто… пионеронро ҳам ҷалб намояд. Дар натиҷаи пешрафти бузурги илму техника айёме расида буд, ки қисме аз наврасон ба имтиҳоноти ҷиддии фатҳи коинот тайёр будани худро исбот мекарданд…
Кайҳоннавардони хурдсолу хушҳол – Илҳом ва Моҳира бо киштии тавонои фотонӣ ба сайёрае фуруд омаданд, ки он Чобук ном дошту дар яке аз хамгаштҳои Галактикаамон ҷойгир шуда буд.
Дар Чобук обу ҳаво муътадил бошад ҳам, сокинонаш аҷоиб зиндагӣ мекарданд: онҳо чор соат бедор мегаштанду чор соат мехобиданд. Чунки сайёраи Чобук ба гирди меҳвари худ нисбат ба Замини мо се баробар тезтар давр мезад. Бинобар ин, шабу рӯз зуд-зуд иваз шуда меистод. Фаслҳои сол ҳам дар он ҷо дар ҳар чил рӯз як бор тағйир меёфт.
Тамоми ҳаёт ва тартиботи аҳолии Чобук ба ҳамин тақвим мувофиқ сохта шуда аст. Одамони он ҷо қоматпаст буда ва хулқу атвори бачагона доштанд. Илҳому Моҳираи пионер гӯё ки ба маъракаи бачаҳои синни хурди мактабӣ афтода монданд.
Кайҳоннавардони ҷавон дар сайёраи Чобук ду моҳи пурраи баҳору тобистон (ба ҳисоби мо расо се ҳафта) зиндагӣ карда, шоҳиди воқеаҳои аҷиб шуданд. Инак, қисме аз саргузашти пурмоҷарои онҳоро мо ба шумо нақл кардан мехоҳем.

1 Ассотсиатсияи низоми офтобӣ – маҷмўи ҷирмҳои кайҳониест, ки дар марказаш як ситора (Офтоб) ва ҳашт сайёраи дар атрофи он чархзананда (Аторуд, Зуҳра, Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун) ва инчунин, каметаҳо (ситораҳои думдор), астероидҳо (сайёраҳои хурд) ва чангу гази кайҳониро дар бар мегирад.
2 Галактика (галаахтар, галаситора) - (аз истилоҳи юнонии «галаксиас» гирифта шуда, маънояш ширмонанд аст) аз миқдори хеле зиёди ситораҳо иборат аст ва ҳамаи ин ситораҳо таҳти таъсири қувваи ҷозибаи худи галактика нигоҳ дошта мешаванд.
3 Фотон – (аз калимаи юнонӣ «фотос» «рӯшноӣ») зарраи бунёдии махсусест, ки бо вуҷуди масса ва заряд надоштан, ҳамеша дар ҳаракат аст.
4 Пионер – навкор, пешоҳанг, муассис

пешина
аз 50
навбатӣ