Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд таппончаи лазерӣ бардошта шуда, мили худро ба шоҳу вазир гардонд. Аҷинаҳо аз даҳшат фарёдзанон мисли шағолони ба дом афтода, ба кунҷи толор хазиданд. Онҳо ҳанӯз барги бед барин дарақ-дарақ меларзиданду ҷойҳои зарбхӯрдаи баданро дошта мегиристанд.
— Ҷавҳари НК-ро қабул кардӣ? — пурсид Моҳира андак ба худ омада.
— Дигар илоҷам намонд, — баланд шуд овози Илҳом аз наздик.
Баъд Моҳира ҳис кард, ки дастони қавию ноаён гиреҳи чилбурҳои дасту пойи ӯро мекушоянд.
Моҳира аз банд озод шуду таппончаро ба даст гирифта, ба аҷинаҳо хитоб кард:
— Мошини мо канӣ?
— Д-д-дар с-с-сарой, — гуфт вазир, забонаш гирифта.
Чобукиёни аҳли дарбор, ки тарсида худро ҳар сӯ панаҳ карда буданд, ин табаддулотро дида, ҳама як-як ба толор ҷамъ омаданд. Бо ишораи Моҳира онҳо дасту пойи аҷинаҳоро бо чилбур бастанд ва кашолакунон ба зиндон бурда партофтанд.
Чобукиёни майдача ба ҷасорату қудрати Моҳира қоил шуда буданд. Ҳама ба ӯ бо чашмони пур аз муҳаббату эҳтиром менигаристанд.
Яке об гарм карда меовард, ки вай дасту рӯяшро шӯяд, дигарӣ ба ҷароҳатҳои лабу рӯйи ӯ марҳам мемолид, сеюмӣ косаи шарбатро медод, ки ҳалқи хушкшудаашро тар кунад.
— Эҳ, кори нағз накардӣ! — гуфт Моҳира ба ким-касе оҳ кашида.
— Кори шуданӣ шуд, — ҷавоб дод боз ҳамон овози Илҳом.
Ҳозирон бо ҳайрат ба толор чашм давонданд.
Онҳо намефаҳмиданд, ки Моҳира бо кӣ гуфтугӯ мекунад...
... Дар бораи кину шиканҷае, ки Моҳира аз аҷинаҳо дид, дар бораи он ки дами марг ҳам вай аз имони худ барнагашт, мадҳия мехонданд. Ҷон гирифтани анбӯру калтак, ба аҷинаҳо ҳуҷум кардани онҳо, аз зиндони чуқур ғайб задани Илҳом ва дигар муъҷизаҳо низ мавзӯи нақлу ривоят ва афсонаҳои мардум шуда буд.
Шубҳае нест, ки хонандагони зираки мо ба асли масъала кайҳо пай бурдаанд. Дар зиндон Илҳом азбаски дигар илоҷ надошт, аз нифаи шалвораш шишачаи ҷавҳари НК-ро бароварду даҳони онро кушода, обашро фурӯ бурд.

пешина
аз 50
навбатӣ