Бачаҳои чобуксавор

Баъд ногаҳон печу тоб хӯрдаю дастонашро ҷунбонда, чунон қиқир-қиқир хандид, ки Моҳира маҷбур шуд, рафта, ӯро аз чанголи ҷисми ғайб халос кунад. Посбон ба атроф бо чашмони алақ-палақ назар дӯхта, «тавба-тавба» — гӯён давида аз толор баромад.
Маълум, ки посбон ба Илҳоми ноаёни ҳозир аз таҳхона омада бархӯрда буду мазмуни кор Илҳом ӯро хуб қитиқ кард. Инро Моҳира, албатта, зуд фаҳмид. Бинобар он баъди рафтани посбон гуфт:
— Ин боз чӣ қилиқ, Илҳом?
— Як шӯхӣ-дия, — шунида шуд овози пурзавқи Илҳом — Охир зиқ шуда мурдем-ку.
— Посбони бечораро тарсондӣ. Биё, ба наздам шину дастатро деҳ. Ҳа, ана ҳамин тавр.
Акнун гӯй, ки бо аҷинаҳо чӣ ҳодиса рӯй додааст?
— Мурданашон рост. Қотилон худро қатл кардаанд, — баланд шуд овози Илҳом.
— Чӣ хел?
— Чӣ гуна як заҳре хӯрдаанд. Аз бағалкисаи Қолабшоҳ мана ин хатчаро ёфтам.
Варақе дар ҳаво муаллақ истод, қаташ худ ба худ кушода шуду баъд оҳиста ба дасти Моҳира омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё