Бачаҳои чобуксавор

Дар шафати минбари барҳавою идона дастаи машшоқон мусиқӣ менавохтанд. Гурӯҳи дигар баробар чунин як қасидаеро замзама мекарданд:
Хуш омадӣ, эй нознин,
– Эй шоҳиди чархи барин!
Аз нури дидори хушат
Равшан бишуд рӯйи замин...
Моҳира бо тантана сӯйи минбар равон шуд.
Гӯё ягон кас дошта истода бошад, дасти росташро вай аз бадан дуру ғиҷим карда меомад. Бо дасти чап бари домонашро андак бардошта буд, ки ҳангоми қадаммонӣ халал нарасонад.
Рӯзи сеюм буд, ки Моҳира ба минбари ин майдон баромада бо аҳолии Чорсу мулоқот мекард.
Дар ин муддат вай ба чобукиён бисёр масъалаҳоро фаҳмонд.
Доир ба галактикаи бузургамон ва робитаи байни сайёраҳои он мухтасар маълумот дод.
— Дӯстони азиз! — гуфт вай имрӯз, ба минбар баромада. — Мо – фиристодаҳои Заминро шумо муъҷизакор эълон кардед. Ба сипосгузорӣ ва баҳои баландатон ташаккур! Лекин имрӯз шумо шоҳиди боз як намоиши илму техникаи мо мешавед. Илтимос, ҳама хомӯш истода, бодиққат ба паҳлуи ман чашм дӯзад, — Моҳира ба соати дастиаш нигоҳкунон илова кард: — Пас аз се дақиқаи дигар муъҷизае оғоз меёбад, ки шахсан ман онро се рӯз боз бетоқатона интизорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё