Бачаҳои чобуксавор

Вале Моҳира боз мурда барин меғелиду аз олам бехабар буд. Илҳом чун бовар ҳосил кард, ки набзи Моҳира бамаром мезанаду нафасгириаш муътадил шуд, қарор дод ӯро андак ором гузорад.
Офтоб ба қиём омада, ҳаво хеле тафсид. Дигар дар ин дашти васеъ бедарак истодан мумкин набуд. Илҳом тасмаи кӯлвори Моҳираро ҳам ба китф гузаронду худи ӯро бо дастонаш озод бардошт ва рӯ ҷониби дарёча якта-якта қадам монда рафтан гирифт. Бор ки вазнин буд, ҳанӯз сесад метр роҳ нагашта, аз сару рӯяш арақ шорид, дилаш тез-тез ба задан даромад, ҳаво нарасида нафасгириаш мушкил шуд. Аммо илоҷе карда то лаби наҳр рафтан лозим буд. Бинобар он Илҳом дандон ба дандон монда, сию ду рагу паяшро як карда, Моҳираро маҳкам медошт ва роҳашро давом медод.
Рост мегӯянд, ки одам азм кунад, дар дунё кори намешудагӣ нест.
Ана, Илҳом ҳам ниҳоят ба соҳили дарё расид.
Моҳираро, баъд кӯлворҳои вазнинро бо навбат ба замин гузошта, нафасашро рост кард, дам гирифт.
Лаби рӯд нисбат ба дашти васеъ салқинтар буд, рӯ-рӯйи мавҷи об насими дилкушо мевазид. Оби дарёча ба дараҷае софу беғубор буд, ки сангчаҳои ранга ва тиллорезаҳои қаъри он чун аз паси шишаи пурбин равшану гӯё ба назар мерасид.
9 Қиём – ба болои сар рост шудани офтоб, ки дар нисфирӯзӣ ба амал меояд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё