Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Онҳоеро, ки дар пояшон ҳар гуна захм мавҷуд аст, огоҳ бояд кард, ки ба об надароянд. Хокрўба ва дигар ифлосиҳоро ғун карда, ба ҷўйи об напартоянд. Ҳайвонот аз об дур нигоҳ дошта шавад. Дар оби ифлос микробҳое ҳастанд, ки одамонро ба бемориҳои дарунравӣ, домана ва ғайра гирифтор мекунад. Илова бар ин оби ифлос метавонад сабабгори як қатор бемориҳои пўст ва чашм шавад. Онҳое ба ин бемориҳо гирифтор мешаванд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя накардаанд, яъне дар вақташ шустушўй намекунанд, сарашонро сари вақт намешўянд, либосашонро иваз намекунанд, обро наҷўшонида менушанд. Бемориҳое, ки ба воситаи оби ифлос паҳн мешаванд: зарпарвин, дарунравӣ, фалаҷ, домана, вабо, кирми меъда ва ғайра мебошанд.
Тарзҳои гуногуни тозакунӣ ва безараргардонии об мавҷуд аст:
таҳшинкунӣ; филтркунӣ; ҷўшондан; безараргардонии об бо воситаи нури офтоб; рехтани хлор ба об; оби нўшокиро дар зарфи тоза нигоҳ доштан; оби нўшокиро дар зарфи даҳонаш пўшида нигоҳ доштан; обро аз зарф бо дулча гирифтан:
обро дар ҷойи баланд гузоштан.
Оби истифодашударо бояд ба ҷойҳои махсус: чоҳҳо, заҳбурҳо ва ҷўйҳо рехт, зеро агар он дар як ҷо ҷамъ шуда кўлмак шавад, сабаби сар задани бемориҳо мегардад. Дар оби истифодашуда чирк бисёр аст дар он микробҳо афзоиш меёбанд, хусусан, хомўшакҳо афзоиш ёфта, бемории табларзаро паҳн мекунанд.
Шеъри зеринро азёд кунед:

пешина
аз 80
навбатӣ