ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

§13. РОҲҲОИ СИРОЯТШАВӢ АЗ КИРМҲО
Одамон бо воситаи алоқа бо хоке, ки дар он кирмҳо тухм мегузоранд ва бо воситаи хўроки заҳролудшуда (мева, сабзавот ва дигар маҳсулоти хўрока) сироят меёбанд. Асосан дар ҷисми инсон кирмҳои гиҷҷа, гирд ва тасмашакл афзоиш меёбанд.
Сироят аз фурў бурдани тухми кирми гиҷҷа сар мешавад.
Ин сироятёбӣ одатан бо воситаи дастони ифлос, баъзе вақт бо воситаи хўроки сироятшуда ва ё либоси сироятшуда ба ҷисми инсон ворид мешавад. Ин тухмҳо ба рўдаҳо рафта дар он ҷо меистанд ва афзоиш меёбанд. Кирмҳои афзоишёфта баъди чор ҳафта ба рўдаҳо мефароянд ва аз маъқад барои тухм мондан мебароянд ва сахт хориш мекунанд. Кўдакон аз беэҳтиётӣ он ҷоро мехоранд ва ба зери нохунҳои онҳо тухмҳо даромада сабаби аз нав сироятёбӣ ба кирми гиҷҷа мешаванд. Кирми гиҷҷа дар рўйи курпа ва болин афтода ҳатто то чор ҳафта худро нигоҳ медорад.
Кирмҳои тасмашакл бошанд, хеле дароз буда аз 5 то 10-
18 метр мешаванд ва дар рўдаи инсон зиндагӣ мекунанд.
Тухми ин гуна кирмҳоро хук, гов, моҳи фурў мебаранд.
Одамон агар гўшт ва моҳиро хом ва ё нағз напухта хўранд, тухми кирмҳои тасмашакл дар даруни одам ба кирмҳои болиғ мубаддал шуда, ба девори рўда мечаспанд ва ба дарозӣ калон шудан мегиранд.
Тухмҳои кирми гирд ба хок афтида дар шароити гарму нарм ба зинаи сирояткунандагӣ мегузаранд. Агар онҳо дар оби полезӣ бошанд, он меваю сабзавоте, ки бо ин об обёрӣ карда мешаванд, сироят меёбанд. Ба воситаи истеъмол кардани ин меваю сабзавот онҳо ба даруни одам медароянд ва дар рўда онҳо ба кирмак мубаддал мешаванд, девори рўдаро сўрох карда, ба хун ё рагҳои лимфатикӣ мебароянд ва ба шуш мераванд. Дар он ҷо онҳо калон шуда, тавассути гулў ба рўда мераванд ва ба тухммонӣ сар мекунанд.
Агар хоҳед, ки ба кирмҳои рўда сироят наёбед, пеш аз хўрок хўрдан ҳатман дастонатонро бо собун бишўед, тамоми меваю сабзавотро пеш аз истеъмол кардан хуб бишўед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё