Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фақат тарзу василаи амали онҳо тафовут дорад. Агар файласуфону муаллимони ахлоқ бо рисолаҳои илмӣ тавассути афкору андешаҳои мантиқӣ матлабро баён кунанд, адибон ҳамон ҳадафро бо тасвири бадеӣ, сувари хаёл, эҳсосоти рангину муассир ифода менамоянд. Ба иборати дигар, ҳадафи донишманду адиб тақрибан як буда, тарзи ироаи он фарқ мекунад. Масалан, донишманди соҳаи ахлоқ бо нақли мисолҳо аз зиндагӣ ва нишон додани манфиати дўстӣ зарурати онро дар ҳаёти инсон таъкид мекунад ва одамонро ба таҳкиму тарвиҷи дўстӣ даъват менамояд.
Ҳамин матлабро Рўдакӣ бо тасвири эҳсоси гуворои шодмонӣ аз дидори дўст хеле таъсирбахш баён кардааст:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рўи дўстон.

Абўшакури Балхӣ ҳам зарурати дўсту дўстиро барои инсон тавассути монанд кардани дўст ба сипар, ки эминдорандаи инсон аз хатар аст, таъкид намудааст:

Бувад дўст мар дўстро чун сипар,
Беҳ аз дўст мардум кӣ бошад дигар?

Вале Ҳофиз матлаби фавқро бо истиораи дарахти дўстӣ ва монанд кардани дўстӣ ба дарахти пурсамар баён кардааст:

Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Тавре ки мебинем, дар мисолҳои нақшуда ва абёти ҳамонанди онҳо, ки дар осори ҳар шоир метавон пайдо кард, масъалаи асосӣ панд додан ба одамон аст, ки дўстиро пос доранд ё ба таъбири донишмандон тарбияи эҳсоси дўстӣ мебошад. Бинобар ин панду насиҳати инсонро вазифаи адиб надонистани баъзе муҳаққиқон ва аз адабиёти бадеӣ хориҷ кардани панду андарз на танҳо дуруст нест, балки нодида гирифтани ҳадафи аслии адабиёт аст. Дарвоқеъ агар масъалаҳои ахлоқиву маънавиро аз адабиёти бадеӣ ҷудо созем, дар он сурат арсаи адабиёти ҷаҳониро бояд аз як зумра адибони бузург амсоли Лукретсию Вергилий, Фирдавсию Саъдӣ, Толстою Ламартин холӣ кард.
Чунон ки адабиётшиноси рус И. Кузмичев таъкид кардааст, осори нависандаи бузурги рус Лев Толстойро бе масоили ахлоқӣ наметавон тасаввур кард:
«Мусаллам аст, ки хеле аҷиб мебуд, агар адабиётшиносони мо мазмунҳои ахлоқиро дар осори Толстой ба эътибор нагиранд. Ин имконнопазир аст, зеро ахлоқ рўҳи диалектикаи бадеии ўро ташкил медиҳад». Нодида гирифтани масъалаҳои ахлоқӣ дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, ки қисмати умдаи онро фаро гирифтааст ва абёти пандомез тақрибан дар ҳар саҳифаи он ба назар мерасад, арзиши баланди маънавии асарро коҳиш дода, онро ба як қолаби берўҳ табдил хоҳад намуд. Зеро чунон ки Муҳаммад Амини Риёҳӣ дуруст фармудааст: «Шоҳнома ганҷинаи хирад ва доноист. Саросари Шоҳнома дарси инсоният ва ахлоқ ва фазилат аст». Бесабаб нест, ки аз абёти панду насиҳатии Шоҳнома чандин маҷмўаҳои ҷудогона мураттаб шудаанд. Таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳамаи масъалаҳои ахлоқӣ ва ҳикмати амалии Шоҳномаи Фирдавсӣ дар як мақола аз имкон берун аст. Аз ин рў мо бо баррасии чанде аз муҳимтарин андешаҳои ахлоқии Фирдавсӣ иктифо менамоем.

пешина
аз 625
навбатӣ