Равзанаи адаб

Афросиёб бо дили пур аз кину сари пуршитоб ба назди падараш Пашанг омада, ҳар чи зудтар ба Эронзамин лашкар кашиданро талаб мекунад, Ағрирас бо дили пурандеша ба падар ва бародари ҷангҷўяш чунин тавсия медиҳад:
Агар мо нашўрем, беҳтар бувад,
К-аз ин шўриш ошўби кишвар бувад.
Дар мавриди дигар Ағрираси бохирад дар муҳорибаи Сорӣ бидуни муқобилият лашкарро ба эрониён месупорад ва мардуми зиёдеро аз марг раҳо мекунад. Дар симои Ағрирас шоир лашкаркашеро тасвир кардааст, ки аз рўи ақлу хирад амал намуда, пеш аз ҳама манфиати мардуму ватанро ба назар мегирад. Ў бар муқобили ҳама гуна нерўҳои зишт мубориза мебарад, вале мухолифи ҷангест, ки баҳри кулоҳу мансаб пеш гирифта шудааст.
Ба ин минвол шарҳу тавзеҳи ахлоқӣ ва бадеии хирад ва хирадмандӣ дар саросари Шоҳнома бо роҳу василаҳои гуногун сурат гирифтааст ва "Фирдавсӣ, чунон ки сазовори марди донишманду донишдўст аст, дар манзумаи беназири хеш ҳар ҷо ки тавонист аз бузургдошти хираду дониш дареғ накарда ва аз он ба некӣ ном бурда ва онро мояи фалоҳ дониста ва аз ҳарчи эзид дод, беҳтару бартар шумурда аст" Аз ин ҷост, ки яке аз муҳаққиқони маъруфи Шоҳнома Исломии Нудушан Фирдавсиро "шоири хирад"
меномад: "Гузашта аз он атри хирад аз саросари Шоҳнома афшонда мешавад бад-он гуна ки метавон Фирдавсиро ҳамроҳ бо Носири Хусрав "шоири хирад" хонд, паҳлавонони некўкори Шоҳнома, чи эронӣ ва чи бегона, ҳама аз хирад насиб доранд" Аз тавзеҳоти боло пай бурдан душвор нест, ки андешаҳои Фирдавсии ҳаким аз фалсафаву дониши васеи халқҳои гуногун сарчашма мегирад, ки таъйини ҷиддии он то ҳол, мутаассифона, шурўъ нашудааст ва тадқиқи хоси донишмандонро тақозо менамояд. Ҳоло фақат ҳаминро бояд гуфт, ки дар андешаҳои Фирдавсӣ дар бораи хирад ва хирадманд таъсир ё ҳамоҳангиро бо ақоиди файласуфони Юнони қадим, бахусус Суқроту Арасту ва мутакаллимони Шарқ, ки ақлро гавҳари ҳаёти инсон медонистанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Шабоҳати зиёде миёни порчаҳои Шоҳнома ва "Меноҷи хирад" мавҷуд аст, ки аз огоҳии комили Фирдавсӣ аз осори оини зардуштӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин гуна шабоҳатро миёни андешаҳои Фирдавсӣ бо ақидаҳои зарвония ва машоияву мўътазила барин фирқаву ҷараёнҳои мазҳабиву фалсафии Эрони бостон ва ислом мушоҳида кардан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё