Равзанаи адаб

Омўзиши ҷиддиву ҳарҷонибаи аҳволу осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Тоҷикистон, тавре ишора шуд, дар даврони Истиқлол вусъат пайдо кард. Ба хусус пас аз нашри қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 680-солагии зодрўзи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваҷҷўҳи муҳақиққони соҳаҳои мухталифи илм амсоли фалсафа, адабиётшиносӣ, таърих, забоншиносӣ, ахлоқ, педагогика ба он бештар ҷалб гардид. Ба муносибати ҷашни мазкур дар шаҳрҳои Душанбе ва Кўлоб рисолаҳои ҷудогонаи адибу ориф чун «Рисолаи қудсия», «Маърифати нафс», «Авроди фатҳия», осори манзуми Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба табъ расиданд, ки дар таҳияи онҳо Моҳирхўҷа Султонзода, Ҳотам Асозода, А. Кўчаров, И. Сайидиброҳимов, Р.
Асозода, И.Ҷалилзода, М.Азизов, С. Ҳасанзода ширкат варзиданд.
Ду ҷилди «Осори мунтахаб»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таҳияи М.Султонзода, маҷмўаи мақолаҳои кормандони илмии АИ Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳи давлатии Кўлоб таҳти унвони «Аз Авесто то Ҳамадонӣ», ки соли 1995 ба табъ расиданд, тўҳфаи хубе ба ҷашни мазкур буданд. Ҳамчунин рисолаҳои донишмандони тоҷик Қ. Абдураҳимов, А Маҳмадов, К.
Қодиров, ки ба масъалаҳои гуногуни фалсафӣ, ахлоқӣ ва сиёсии осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида шуданд, саҳми назаррасе дар ҳамадонишиносӣ ба шумор мераванд.
Дар китоби Р. Асозода ва Ҳ. Асозода «Пирони кўҳистони Хатлон», ки соли 2006 ба табъ расид, шарҳи аҳволу осори як зумра орифони пайрави Мир Сайид Алиии Ҳамадонӣ ба қалам дода шуд.
Дарвоқеъ Тоҷикисон тадриҷан ба яке аз марказҳои муҳимми ҳамадонишиносӣ табдил меёбад. Дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон, Осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кулоб, Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва итилооти Тоҷикистон, Донишгоҳи омўзгории шаҳри Кўлоб ва муассисаҳои дигари илмиву таълимӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба таҳияву нашри осор ва таҳқиқу баррасии аҳволу афкори адибу орифи бузург машғуланд.
Фаслномаи Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон «Рўдакӣ» соли 1911 шумораи вежаеро ба ҳаёту осори Алии Ҳамадонӣ ихтисос дода буд, ки 13 мақолаи донишмандони тоҷикро фаро гирифта, аз дастовардҳои илмии онҳо гувоҳӣ медод.
Ба муносибати ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ осори мунтахаби адиб ва орифи бузург дар ду ҷилд таҳти унвони «Ганҷи ирфон» нашр шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо