Равзанаи адаб

Шоир таъкид менамояд, ки ин роҳ осону ҳамвор нест ва машаққатҳои зиёд дорад, аз солик саъю кўшиш, бурдбориву таҳаммул, ранҷу азоб, тамкину устуворӣ, матонату покӣ ва амсоли инҳоро тақозо мекунад:
Ҷидду ҷаҳд ин ҷо бибояд солҳо,
З-он ки ин ҷо қалб гардад ҳолҳо.
Мулк ин ҷо боядат пардохтан,
Ҳол ин ҷо боядат пардохтан.
Дар миёни хун бояд омадан
В-аз ҳама берун бояд омадан.
Чун намонад ҳеч маълумат ба даст,
Дил бибояд пок кард аз ҳар чӣ ҳаст.
Андешаву эҳсосоти зебошинохтии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мафҳуми «ҳусни хулқ» ифода ёфтааст. Ҳусни хулқ маҷмўи хислатҳои ҳамидаи инсонро дар бар гирифта меъёри таъйини мақому моҳияти ўст. Дар рисолаи «Захиратулмулук» Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз забони Паямбари ислом менависад:
«Аввалин чизе, ки дар тарозуи аъмоли бандагон ниҳода шавад рўзи қиёмат, ҳусни хулқ ва саховат бошад.» Рукни асосии ҳусни хулқ аз нигоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ некиву накукорӣ мебошад. Ориф ҳамеша некӣ карданро талқин намуда, аз бадиву бадкорӣ дурӣ ҷустанро авло медонад, Дар «Рисолаи қуддусия» ў таъкид менамояд: «Эй азиз, бидон, ки то ба касе шафқату некӣ кунӣ, бо дигаре бедиёнатӣ ва бадӣ макун…» Дар «Минҳоҷулори- фин», ки каломи аҳли ҳикмат ва маърифатро ҷамъ овардааст, дар чанд маврид некӣ кардану нек андешиданро таъкид менамояд: «Некӣ андеш, то нимаи некӣ пайдо ояд». Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ мисли дигар пайравони тасаввуф ҳатто ба бадӣ некӣ карданро талқин менамояд: «Он кӣ бо ту бадӣ кунад, бо ў некӣ кун, то қадри ту биафзояд.» Ў дар пайравии шайх Абулқосими Ҷунайдӣ ин сифатро аз хислатҳои ҳамидаи аҳли футувват медонад.
Хислати дигаре, ки аз нигоҳи ориф барои аҳли футувват хеле зарур аст, эҳсону саховатмандист: «Футувват додани ато ва боздоштани бадӣ аст…Яъне ҳақиқати футувват он аст, ки чандон ки тоқат дорӣ, вуҷуди худро сабаби хайру эҳсон ва воситаи роҳати бандагони Ҳақ созӣ ва бар бисоти эҳсон дар муқобили бадон шатранҷи бадӣ набозӣ». Инсон аз офаридаҳои дигар пеш аз ҳама бо соҳиби илм будани худ имтиёз дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо