Равзанаи адаб

Тавозўъ, пас карам, он гаҳ қаноат, Камозорию пас парҳезу тоат.
Дигар ҳикмат, агар ҳастӣ хирадманд, Гусил з-онҳову бо инҳо ту пайванд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ решаи хислатҳои зиштро дар нафси бад дониста, душмани инсон мешуморад ва ба саг монанд мекунад. Ў инсонеро, ки бо душмани худ - саги нафс мубориза бурда, ғалаба мекунад, хушбахт медонад:
Гар саги нафси ту ба фармони туст, Пас, ту яқин дон, ки биҳишт они туст.
Душмани туст ин сагу аз саг батар, Ишваи душман ту аз ин пас махар…
Сар зи ҳаво тофтан аз сарварист, Тарки ҳаво қуввати пайғамбарист. Шоир бо таассуф таъкид мекунад, ки аксари одамон тобеи нафс шуда, умрро беҳуда мегузаронанд. Ў идораи нафсро махсусан, барои шоҳон хеле зарур мешуморад: «Эй азиз, подшоҳ вакилу амини хазонаи Ҳақанд. Бар ту бод, ки дар хазонаи Ҳақ ба ҳавои нафс ва тасвили шайтон тасарруф накунӣ. Ва он чӣ гирӣ, ба ҳақ гирӣ ва ҳақ ба мустаҳақ расонӣ, то дар азобу фазиҳат ва фазаъи акбар дар намонӣ». Андешаҳои ахлоқиву тарбиявӣ ва роҳнамоиву ҳидоятҳои ў танҳо ба соликони тариқат маҳдуд намешаванд ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро фаро мегиранд. Дар рисолаи «Захиратулмулук»
боби ҷудогонае ба «шарҳи силтанат ва вилоят ва аморат ва ҳуқуқи раоё ва шароити ҳукумат» ихтисос дода, муаллиф пеш аз ҳама барои ҳокимон адлу эҳсонро зарур мешуморад: «Эй азиз, чун аз ин ҷумла, ки гузашт, маълум кардӣ, ки анбиё ва хулафои рошидин, разияллоҳу анҳум, дар салтанат ва подшоҳӣ чӣ гуна будаанд ва чӣ гуна зиндагонӣ кардаанд, бо вуҷуди қудрат ва подшоҳӣ ва хазоин чӣ гуна бар нафси худ танг мегирифтаанд ва дар нашри осори маъдалат ва шафқат ва эҳсон бар халқ мекўшидаанд…» Дар «Рисолаи қуддусия» Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ин маврид андешае баён кардааст, ки хеле ҷолиб буда, онро баъдтар Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳам идома додааст: «Дар ҷузъ аст, ки аввал чизе, ки дар рўзи қиёмат савол кунанд, намоз аст, аммо подшоҳонро аввал чизе, ки савол кунанд, аз адлу эҳсон бувад.» Абдурраҳмони Ҷомӣ ин андешаро такмил дода, дар дар маснавии «Саломон ва Абсол» таъкид мекунад, ки барои осоишу ободии мулк на диндории шоҳ, балки адолати ў зарур аст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо