Равзанаи адаб

Масалан, дар ғазали зер шоир хитоб ба хоҷае намуда, ўро ба адлу инсоф, тарки ҳавову ҳавас, ёрӣ ба заифон, некиву накўкорӣ даъват мекунад:
Машав, эй хоҷа, аз ин беш гирифторис,
Ки бақое надиҳад мўҳлати даҳрўза ба кас…
Гар ту имрўз ба фарёди заифе нарасӣ,
Нарасад рўзи пасин низ ба фарёди ту кас.
Дар зимни ғазалҳои Ҳасани Деҳлавӣ абёти пандомезе ба назар мерасанд, ки андарзҳои ҳакимонаи устод Абўабдуллоҳ рўдакиро ба хотир меорад:
Ҳар к ин-омад зи хештан берун,
Ў ба мақсуди хештан нарасид.
Васфи баҳор низ дар ғазали зайли Ҳасани Деҳлавӣ рўдакивор хеле соддаву равон сурат гирифтааст:
Боз фасли баҳор меояд,
Ҳама асоби кор меояд.
Тавре ки аз ишораҳои худи шоир бармеояд, ў дар ғазалсароӣ беш аз ҳама ба Саъдии Шерозӣ пайравӣ доштааст:
Ҳасан гуле зи гулистони Саъдӣ овардааст,
Ки аҳли маънӣ гулчини он гулистонанд.
Гар бинўшӣ дурдии хумхонаи дард, эй Ҳасан,
Доди маънӣ шеваи Саъдии Шерозӣ диҳӣ.
Дар хуми маънӣ Ҳасанро шираи нав рехт ишқ,
Шира аз хумхонаи масте, ки дар Шероз буд.
Дар назми Ҳасан нав шуд дебочаи ҳусн, оре,
Чилди суханаш дорад шерозаи Шерозӣ.
Ба пайравии Ҳасани Деҳлавӣ ба Саъдии Шерозӣ яке аз
муосирони Ҳасан муаллифи китоби «Сайрулавлиё» Мавлоно
Сайид Муҳаммад Муборак Алавии Кирмонӣ ҳам чунин ишора

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо