Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вассофи зебоии инсон

Дар ашъори латифу рангин ва фасеҳу дилнишини ғазалсарои мумтозу орифи шўҳратманд Шайх Камолиддини Хуҷандӣ низ бузургдошти инсон ва тасвири ситоиши он мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ин шоири хушилҳону орифи ҳақбин дар ғазалиёти дилнишини худ, ки дар латофату малоҳат беназир аст, ҳусну ҷамоли дилкаш, нозу ишваи беғаши маъшуқ, ишқи пуршўру дилбастагии пурсурури ошиқро ба маъшуқи заминиву зоти поки илоҳӣ бо шевотарин суханҳои рангин ба ҷилва овардааст.
Ба мақоми баланди инсон дар ашъори Камоли Хуҷандӣ дар асарҳои С.
Айнӣ, Ш. Ҳусейнзода, И.С.Брагинский, Х. Мирзозода, А. Афсаҳзод, Эраҷи Гулисурхӣ, Б. Мақсудов ишораҳо шудааст. Ш. Ҳусейнзода нақши зебоиро дар тасвири инсон дар ашъори Камол таъкид карда наиштааст: «Дар ғазалҳои ў (Камол – М.М.) ба назар чунин мерасад, ки зебоии ҳақиқӣ баландтарин ва пурбаҳотарин неъматҳо дар олам аст. Маҳз аз рўи ҳамин ҳам, бисёр ғазалҳои Камол аз таърифи ҳусни зебои маъшуқа иборат шудаанд». Вале ин масъала мавриди таҳқиқи ҷудогона қарор нагирифтааст ва моҳияти он дар ашъори шоир ҳарҷониба ошкор нагаштааст.
Худи Камоли Хуҷандӣ яке аз ҳадафҳои асосиашро дар ғазал васфи зебоии инсон донистааст:

Чун қасди Камол аз ғазал он сурати зебост,
Шеъри тари чун об нагўем, чӣ гўем.

Зебоии инсон дар ашъори Камол беш аз ҳама дар симои маъшуқ таҷассум ёфтааст. Маъшуқ ганҷинаи ҳусну малоҳат ва зебоиҳои олам буда, дилҳои ошиқонро шефтаву мафтун кардааст:

Ту ганҷи ҳусниву бас хонаи дил,
Ки аз шавқи чунин ганҷе хароб аст.

Маъшуқ олиҳаи ҳусну зебоӣ буда, дорои беҳтарин сифатҳои зоҳирии инсонист:

Симинбаданӣ, сарвқадӣ, пистадаҳонӣ,
Ҳар васф, ки ояд ба забонам, беҳ аз онӣ.
Ороми дилӣ, дафъи ғамӣ, марҳами дардӣ,
Ёри куҳанӣ, умри навӣ, мўниси ҷонӣ.

Зебоии маъшуқ беҳамтост ва ҳеҷ падидаи табиату ҳастӣ ва ҳатто париёни афсонавӣ ҳам ба он баробарӣ карда нмаетавонанд:

Парӣ ба ҳусну латофат надошт бо ҳама ҳол,
Ҳар он чи дар рухи туст, эй маҳи ҳуҷаста ҷамол5 Ҳусну ҷамоли маъшуқ аз зебоиву латофати узвҳои ў ба вуҷуд омадааст.

пешина
аз 625
навбатӣ