Равзанаи адаб

Зимнан бояд гуфт, ки дар ин бобат муҳаққиқони осори шоир андешаҳои гуногун ва зидду нақиз баён кардаанд. Аз ҷумла донишманди эронӣ Эраҷи Гулисурхӣ дар муқаддимаи девони шоир дар ин бора баҳс кушода, дуруст таъкид мекунад: «Гурўҳе бо такя ба андешаҳои сўфиёнаи он даврон эътиқод доранд. Дар ашъори Камол ишқ баёнкунандаи андешаҳои орифона аст... Ва гурўҳи дигар ба хусус пажўҳишгарону донишмандони ҳафтод соли охир ҳама он ишқро ба ғамзаи чашму абрўе вобаста медонанд...»18Вале, мутаассифона, таҳқиқи назари худи шоирро идома надода, Эраҷи Гулисурхӣ ҳам ба гурўҳи аввал ҳамроҳ мешавад ва ифодаи ишқи заминиро дар ғазалиёти Камол нодида гирифта, ишқияҳои шоирро комилан орифона медонад. Донишманди тоҷик Х.
Мирзозода ҳарчанд бо мисолҳои фаровон маъшуқи заминӣ будани образи лирикии аксари ғазалҳои Камолро нишон медиҳад, вале ў дугонагии симои маъшуқро дар куллияи ғазалиёти шоир таъйид намуда менависад: "Пас дар ғазалҳои Камол маъшуқа ботинан Худо, зоҳиран одамонро ифода менамояд, ки онҳо зуҳуроти рўҳи илоҳӣ мебошанд." Албатта, дуруст аст, ки дар як зумра ғазалҳои Камол ишқи ҳақиқиву маҷозӣ ё худ ишқи илоҳиву заминӣ бо ҳам омезиш ёфта, пайваста зуҳур кардаанд. Вале дар девони Камол ғазалҳое кам нестанд, ки дар онҳо ишқи заминӣ ифода ёфта, ҳусну зебоии маъшуқони воқеӣ ба қалам омадааст. Ҳатто баъзан, чунон ки дар ғазали зер мебинем, ба маҳаллу миллати маъшуқ низ шоир сареҳан ишора кардааст ва дар ин шеър бўе аз ирфон нест:
Турки ман маҳ бувад ба туркӣ ой,
Хуш бувад як шабе ба пеши ман ой...
Кард вайрон сарою кохи Камол
Тоқи абрўи маҳвашони Сарой20
Аз ин рў ба натиҷае расидан мумкин аст, ки маъшуқ, дўст, ёр дар ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ образи воҳиде набуда, гоҳ ҷавҳари зоти илоҳист, гоҳ таҷаллии он дар симои инсон ва гоҳ худи инсони заминист.
Ҷилваҳои гуногуну рангини ҳусну зебоии маъшуқ дар ғазалиёти Камол тарзу усулҳои мухталифи тасвиру нигоришро тақозо намудаанд. Ҳамон тавре ки маъшуқ якрангу якмаром нест, тасвири ў низ якҷонибаву яксон нест. Камоли Хуҷандӣ чун мусаввири бузург Камолиддин Беҳзод, ки дар минётурҳои нотакрори худ симои одамони гуногунро ба қалам додааст, ҳусни маъшуқҳои мухталифро бо каломи рангин ба ҷилва овардааст.
Камол низ дар тасвири маъшуқ пеш аз ҳама аз воситаҳои анъанавии тасвир истифода бурдааст. Вале дар он тасвирҳои анъанавӣ низ шоир тобишҳои тоза ва лутфи малеҳе афзудааст. Аз ҷумла дар байти зер ташбеҳҳои такрориву обшустаро ба ҳам оварда як тасвири тозаи латифро офаридааст:
Ёри мо рўи чу маҳ дораду болои чу сарв,
Кас надидаст чунин маҳ, ки баболо бошад.
Камол дар тасвири зебоии маъшуқ, махсусан аз ташбеҳҳои акс хеле
фаровон ба кор гирифтааст, ки муҳаққиқон ин тарзи тасвирро хилофи одат ё худ
каҷоварӣ номидаанд. Дар ин бобат камолшиноси тоҷик Б. Мақсудов таҳқиқи
ҷолибе анҷом дода, мушоҳидаҳои тоза баён намудааст. «Ҳосили ташбеҳҳои акси
фаровоне, ки Камол дар шеъраш сохтааст ё он каҷовариҳое, ки дар нутқи
бадеиаш овардааст, - менависад ў,- тасвирҳои нав ва мазмунҳои нави завқангез
мебошад».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо