Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Марди косиб, к-аз машаққат мекунад кафро дурушт,
Баҳри ноҳамвории нафси дағал сӯҳонгар аст.
Соғари роҳат бувад аз касб бар каф обила,
Вақти он кас хуш, ки роҳатёфта з-ин соғар аст.

Сониян аз ашъои шоир ба аҳли ҳунар робитаву пайвастагии қавӣ доштани ўро метавон пай бурд. Тавре ки аз шарҳи ҳоли шоир маълум мегардад, ў ҳангоми зиндагӣ дар Самарқанд бо ҷараёни нақшбандияи тасаввуф ошноӣ ва гаравиш пайдо мекунад. Ин маслак аз ҷараёнҳои дигари тасаввуф пеш аз ҳама бо он тафовут дошт, ки бештар ба кору меҳнат ва аҳли пешаву ҳунар такя мекард. Шиори асосии ин маслак «Дил ба ёру даст ба кор» низ аз марому ҳадафи маслаки мазкур далолат менамояд. Дарвоқеъ ҳамин мароми меҳнатдўстӣ ва эҳтироми аҳли ҳунар боис гардиданд, ки Ҷомӣ пас аз баргаштан ба Ҳирот ба таври ҷиддӣ ба тарғибу ташвиқи маслаки мазкур машғул шуда, муддатҳо сарварии ин маслакро дар Хуросон ба уҳда гирифт. Ў ҳамчунин ба баррасии назариву амалии ин маслак пардохта, дар ин замина низ чандин асар офаридааст, ки «Нафаҳотулунс» намунаи барҷастаи онҳо мебошад.Дар ин тазкира ў роҷеъ ба ахволу осори беш аз 600 тан аз аҳли тасаввуф иттилоъ додааст. Дар зимни баёни аҳволи шайхону сўфиёни маъруф низ ў ба иштиғоли онҳо ба пешаҳои гуногун ишораҳо кардааст.
Мароми башардўстиву меҳнатдўстии маслаки мазкур ба осори дигари шоир низ асар гузоштааст. Масалан, ў дар маснавии ирфонии «Саломон ва Абсол» тавассути симоҳои тасаввуфӣ андешаҳои баланди инсондўстиро баён намудааст. Дар маснавии «Хирадномаи Искандарӣ» шоир ҷамъияти хаёлиеро тасвир мекунад, ки дар он ҳама озоду мусовӣ мебошанд. Ў дар ин маснавӣ орзува омоли мардумро бо тасвири шаҳри афсонавие ба қалам додааст.
Ҷомӣ ҳатто дар осори диниву тасаввуфии худ бештар ба масоили башардўстиву инсонпарварӣ таваҷҷўҳ доштааст. Бинобар ин наметавон ба баҳои зидду нақизе , ки донмшманди маъруфи рус И.С.Брагинский ба ў додааст, розӣ шуд: «Ҷомӣ инсони некхоҳтарин буд. Дар айни замон, ки ў мубаллиғи ғояҳои башардўстӣ буд, дар осори худ тухми тарёки диниро мекошт».
Мутассифона, барои исботи ин иддао далеле оварда нашудааст.
Ошноӣ бо осори Ҷомӣ на танҳо иддаои мазкурро таъйид намекунад, балки баръакс мухолифи хурофоту риёкории шайхону зоҳидон будани шоирро нишон медиҳад.

пешина
аз 625
навбатӣ