Равзанаи адаб

Аз ҳамон вақт ин ҷониб ман дар мавзўи Шарқ бисёр кор мекунам. Ин мавзўъ, хусусан, дар шароити ҳозира, ки халқҳои Осиё ва Африқо қадам ба роҳи озодӣ мегузоранд, маро ба ҳаяҷон меорад, ҳушу диққати маро фаро мегирад.». Ин мавзўъ дар адабиёти муосири тоҷик аз осори манзуму мансури устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Абулқосими Лоҳутӣ Фитрат, Пайрав Сулаймонӣ шурўъ мешавад, «Суруди озодӣ»-и Айнӣ дарвоқеъ садои дили на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли ҷафокашони Шарқ буд. Мирзо Турсунзода суннати онҳоро идомаву такмил дода, дар мавзўи мазкур як силсила осори барҷастае офарид, ки на танҳо дар адабиёти тоҷик, балки дар адабиёти Шўравӣ мақоми шоиста пайдо карданд.
Пас аз ҷанги дувуми ҷаҳон наҳзати истиқлолхоҳӣ дар кишварҳои Шарқ ривоҷ пайдо мекунад. Яке таз кишварҳои бузурги Шарқ - Ҳиндустон, ки беш аз 200 сол дар зери султаи истеъмори Инглистон буд, рў ба истиқлол мениҳад. Тавре ки зикр шуд, соли 1947 ба ин муносибат дар ин ҷо ҳамоиши байналмилалӣ баргузор мегардад, ки Мирзо Турсунзода дар он ширкат меварзад Дар зимни ин сафар шоир бо ҳаёти мардуми ин кишвари зебои афсонавӣ ошно мешавад. Вазъи гогувори мардуми ин сарзамин ба шоири тоҷик асари зиёд мебахшад ва ў таассуроту эҳсосоти хешро дар силсилашеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ба қалам медиҳад. Дар шеърҳои ин силсила, ки ҳар кадом мустақил буда, дар айни замон ба ҳам марбутанд, тазодҳои ин кишвар бозтоб ёфтаанд. Шоир аз як тараф табиати зебову сарватҳои гаронбаҳои ин кишвар ва аз сўи дигар қашшоқиву бенавоии мардуми онро ба таври муассир тасвир менамояд. Шоир аз мушоҳидаи ранҷу заҳматҳои мардум мутаассир гашта, бо тааҷҷуб хитоб мекунад :
Чӣ нуқсон дорад ин мардум, ки ин сон Надорад қадру қимат мисли инсон ? Шоир дар байти мазкур бо истифодаи моҳиронаи санъати таҷнис таваҷҷўҳи хонандаро ба калимаи инсон ҷалб менамояд.Ин шеваи муассири баён дар шеъри «Сайёҳи Ҳинд» низ корбаст шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор