Равзанаи адаб

Барои шоири тоҷик дар мароми дўстӣ ирқу нажод, забону мазҳаб, ранги пўст ва дигар ҷанбаҳои зоҳирии инсон муҳим нест :
Накарда фарқ ирқу пўст аз пўст, Ба ҳар як хонадон рафтем чун дўст. Дўстие, ки шоир ба даст овардааст, аз ҳеч офат осеб намебинад. Шоир барои муассир баён намудани матлаб аз навтарин ихтирооти башар истифода мебарад ва дўстиро ба киштии фалакпаймо монанд мекунад, ки ташбеҳи тозаву сода ва хотирмон аст :
Бувад ин дўстии мо баробар Ба киштии фалакпаймои кишвар. Солҳои 40 қарни 20 Мирзо Турсунзода чун сафири сулҳ ба кишварҳои гуногун сафар мекунад, дар ҳамоишҳои зиёди байналмилалии сулҳ суханронӣ намуда, алайҳи ҷангу ҷангҷўён ва ба ҷонибдории муборизони сулҳ садои хешро баланд месозад. Ин мавзўъ дар ашъори ў низ ҷойи асосиро мегирад ва пайвандгари масоили умдаи ашъору манзумаҳо ва хитобаву мақолаҳои ў мегардад. Шеъри «Суруди сулҳ», ки соли 1950 таълиф шудааст, мароми асосии Мирзо Турсунзодаро чун шоиру риҷоли сиёсӣ ба таври возеҳ баён менамояд :
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил, Бо тапиданҳои беороми рўзафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дўстон, Ҷангҷўёнро кунад шармандаи рўйи ҷаҳон. Мавзўи Шарқи хориҷӣ ба ҷаҳони шоири Мирзо Турсунзода аз соли 1947 ворид мешавад. Дар ин бора худи шоир навиштааст : «Ҳамон сол(1947 – М.М.) ба сифати узви ҳайати намояндагони советӣ дар якумин Конференсияи кишварҳои Осиё ба Ҳиндустон сафар кардан бароям муяссар гардид. Таҳти таассуроти сафари ин кишвари бостонӣ, ки на танҳо аз лиҳози ҳамсоягӣ, балки ба туфайли афсонаву ҳикоятҳои аҷоибу ғароиби овони кўдакиам ҳамеша нисбат ба он муҳаббат мепарваридам, силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»- ро иншо намудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор