Равзанаи адаб

Вале дарди шоир .танҳо бо дарди миллату кишвари худ маҳдуд камешуд. Дар дили дардошнои ў ғами дунё ҳам ҷой дошт:
Чаро мо ин қадар дардошноем?
Куҷо дард аст, дарди худ бидонем.
Ғами дунё ҳама андар дили мо, Ҷаҳон дар мост ё мо дар ҷаҳонем.
Қаҳрамони ашъори Лоиқ дар роҳи худшиносӣ ҳамеша кўшову пўёст ва ҳеч гоҳ аз худи ҳамзамононаш қаноатманду розӣ нест. Ў мехоҳад, ки ҳамзамонаш сарбаланду лекном, бофарҳангу бонизом, ватандўсту соҳибкалом бошад, қадри вақтро донад, аз он барои пешрафти миллат, хушбахтии ҳамзаминону ҳамзамонон баҳра гирад.
Лоиқ андешахои волои ватандўстиро дар қолабҳои зебову пирояи шево бозгў кардааст,. ки баррасии онҳо мавзўи баҳси ҷудогона аст. Ин ҷо танҳо бо зикри ин нукта иктифо мешавад, ки хидмати Лоиқ дар ривоҷу густариши тозаи анвои кўҳани шеъри форсиву тоҷикӣ ба хусус ғазалу рубоӣ бузург аст. Зеро аксари шоирони муосири тоҷик навъҳои мазкурро кўҳнашуда маҳсуб мекарданд ва аз истифодаи онҳо худдорӣ менамуданд. Вале Лоиқ бештару беҳтар аз хама суханварони муосир ғазалу рубоӣ ва дубайтӣ суруд, ҳамчунин фард ё такбайтро, ки ҳатто дар девони шоирони гузашта ба нудрат дучор меояд, хеле ривоҷу густариш дод.
Устод Лоиқ ІІІЕРАЛӢ, ки меросдори фарҳанги бостонии ориёист, ҷавҳари аслии он фарҳангро, ки набарди некиву бадӣ, пирўзии пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори нек аст ва дар Авастову Худойномахо, Пандномаву Зафарномаҳои аҳди бостон оғоз ёфта, дар Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ, Маснавии Маънавии Ҷалолиддини Румӣ, андарзномаҳои Рўдакиву Носири Хусрав, Саъдиву Ҷомй, Соибу Бедил, Донишу Айнӣ идома пайдо кардааст, амиқан дарк намуда, дар сурудаҳои худ бо эҳсосу андеша ва тасвирҳои тоза таҷассум карда буд. Шоир бо ашъори салису рангин ва фалсафиву хикматоини худ пайваста ин бозёфти пурбахои ниёгонро ба ҳамватанони оқилу ғофил, ба ҳамзабонону ҳамзаминони ҳамдил талқин мекард, то ватани хурду сайёраи бузургро аз вартаи касоди маънавӣ наҷот диханд ва қарзи фарзандиро назди миллату башар бо сарбаландӣ адо намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор