Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шеъри Лоиқ имрўз ва фардо ҳам ин рисолати таърихиро иҷро хоҳад кард.

Сатрҳои муҳаббат

Бӯстони адабиёти тоҷик имрӯз пур аз ниҳолону дарахтони гуногун аст, ки ҳар яке бо шоху барг, гулу самари худ ба мардум неъмату лаззат, шодиву фараҳ ва суруру тараб мобахшанд. Миёни онҳо чанд дарахти тануманде ҳастанд, ки басо пуршоху пурсамар буда, аз меваҳои лазизи онҳо ҳамагон - кўдаку наврас, пиру ҷавон лаззат мебаранд. Яке аз чунин дарахтони тануманди пурсамар дар бӯстони адабиёти тоҷик Шоирп Мардумии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ мебошад.
Гулназар 20-уми сентябри соли 1945 дар деҳаи зебоманзари Дардари ноҳияи Айни (Заҳматобод ва Фалғари собиқ) Тоҷикистон ба дунё омадааст. Зодгоҳи Гулназар рустои камзамини кӯҳистон буда, таърихи хеле қадимӣ дорад. Бесабаб нест, ки соли 1989 ҷашни 2500 - солагии он бошукӯҳ баргузор гардид. Дар бораи таърихи деҳа, ёдгорихои таърихиву фарҳангӣ, корномаи мардуми он, намояндагони машҳури илму фарҳанги ҷумҳурӣ, ки аз ин деҳа бархостаанд, рисолаи гаьрихии Пиронқул Ҷонмаҳмадов ҳикоят мскунад. Деҳаи мазкур ва мардуми соҳибзавқу бомаърифати он, ки давраи тифливу наврасии Гулназар дар оғӯши онҳо гузаштааст, бешубҳа яке аз омилҳои асосӣ ва заминаи рушду камолоти ў чун суханвар мебошанд.
Албатта, омили асосии ҳамчун шоир ба камол расидани Гулназар ҳам истеъдоди худодод аст, ки бидуни он шоири асил ба вуҷуд намеояд. Вале истеъдоди табиӣ танҳо донаест ё тухмест, ки ниёз ба хоку об, ғизову муҳити созгор ва талошу парвариш дорад.
Хушбахтона, барои Гулназар ин заминаҳо муҳайё буданд. Модари ӯ зани хеле меҳрубону ҳалим ва кони байту рубоӣ буданд, ки коми писарчаи кучак ва хеле ҳассосро аз тифлӣ бо шеъру тарона бардоштанд. Падари шоирро мардуми деҳа бо эҳтиром Мирзокелдӣ меномиданд, ки аввалан кӯтоҳшудаи Мирзоев Келдӣ аст. (Зимнан бояд гуфт, ки як вежагии лаҳҷаи Дардар, ки дорои хусусиятҳои хос буда, ба ҳеҷ лаҳҷаи дигар монанд нест, ин кӯтоҳ кардани калимаву ибораҳост). Сониян Мирзокелдӣ ҳарчанд деҳқон буданду маълумоти олӣ надоштанд, вале дорои саводи хуб буда, шеърҳои зиёдеро аз шоирони классик медонистанд ва аз ҳама муҳиммаш ҳамеша бо лаҳни ба худ хос ба забони адабӣ ҳарф мезаданд.

пешина
аз 625
навбатӣ