Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Афкору эҳсос ва ғояву андешаҳои инсондўстии устод Рўдакӣ, ки дорои моҳияти умумибашарианд, на танҳо имрўз, балки фардо низ барои тарбияву ташаккули инсони комили сайёраи мо хидмати шоистае анҷом хоҳанд дод.

Нахустқасидаи фалсафӣ дар адабиёти тоҷику форс

«Шикоят аз пирӣ» на танҳо аз маъруфтарин қасидаҳои Абўабдуллоҳ Рўдакӣ ва қарни Х адабиёти тоҷику форс аст, балки намунаи барҷаста ва хоси ин навъи шеър ба шумор меравад. Тавре ки маълум аст, устод Рўдакӣ дар ташаккул ва такомули аксари навъҳои шеъри форсиву тоҷикӣ, аз ҷумла қасида саҳми бузург гузоштааст. Дар ин бора И.С. Брагинский дуруст фармудааст:
Рўдакӣ «ҳамаи жанрҳо ва шаклҳои асосии назми тоҷикро ба камолот расондааст: ҳам қасида, ҳам марсия, ҳам ҳаҷвия, ҳам ғазал, ҳам насиб, ҳам маснавӣ, ҳам қитъа, ҳам рубоӣ.» Роҷеъ ба хидмати Рўдакӣ дар такомули қасида муаллифону мураттибони зиёди сарчашмаҳои адабӣ, муҳаққиқони кунунии кишварҳои Шарқу Ғарб сухан ронда, ўро устоди беназири ин навъи шеър донистанд. Аз қасоиди Рўдакӣ низ мисли осори дигари ў танҳо ду қасидаи комил ва чанд пораи гуногуни қасидаҳо боқӣ мондаанд, ки аз маҳорати баланди ў дар қасидасароӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» мавриди таваҷҷўҳи муҳаққиқони зиёде қарор гирифтааст. Агар дар асарҳои Ҳ. Эте, Шиблии Нўъмонӣ, С. Айнӣ, Саид Нафисӣ, Е.Э. Бертелс, А. Мирзоев, И.С. Брагинский, Ғуломҳусайни Юсуфӣ, Мазоҳир Мусаффо, Исломии Надушан, Х. Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода, Камол Айнӣ, А. Тоҳирҷонов, А. Афсаҳзод, Насруллоҳ Имомӣ, А. Сайфуллоев, Ш. Исрофилниё, Т.Отахонов ва амсоли онҳо зимни таҳлили осори шоир ин қасида низ баррасӣ шуда бошад, аз тарафи дигар чанде аз муҳаққиқон роҷеъ ба қасидаи мазкур мақолаҳои ҷудогонаро ихтисос додаанд.
Аз ҷумла С. Наимбоев муҳтавои қасидаро шарҳ дода, тарзи таълими онро дар мактаб нишон додааст. Адабиётшинос Р.
Мусулмонқулов дар ду мақола ҷанбаҳои гуногуни қасидаро баррасӣ намудааст. Дар мақолаи «Асоси як тасвири шоиронаи устод Рўдакӣ» ў ба тасвири «қатраи борон» дар қасида таваҷҷўҳ зоҳир намуда, онро «чи мазмунан ва чи шаклан расову мукаммал намедонад ва шакли дурусти онро «қатраборон» мешуморад, ки «гиёҳи маълуми воқеӣ – табиӣ» мебошад. Ин назари Р. Мусулмонқулов мавриди қабули муҳаққиқон қарор нагирифт ва аз ҷумла А. Сатторзода саҳеҳ будани «қатраи борон»-ро ба субут расонд. Далели дигаре, ки дурустии «қатраи борон»-ро таъйид менамояд, он аст, ки шоир илова бар шакли зоҳирии дандонҳо ба паи ҳам фурў рехтани онҳо низ таваҷҷўҳ дорад.

пешина
аз 625
навбатӣ