Равзанаи адаб

Ҳамин муҳити созгори õонаводагӣ ва тарбияти волидон буд, ки ҳар се писари онҳо (як писар дар чавонӣ бар асари беморӣ фавтидааст) чун шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ ба камол расиданд. Фарзанди аршади хонавода Умед Келдиев сиёсатшинос ва таърихдони маъруф буда, солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор кардааст ва дар солҳои охири умр сардабирии маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» ва мудирии Хонаи маорифи сиёсии ҷумҳуриро ба ӯхда дошт. Фарзанди дигари оила Имомназар Келдиев олими машҳур, доктори илмҳои таърих, профессор, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ буда, солиёни зиёд дар вазифаи мудири шӯъбаи Институти таърихи ҳизби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мудири курсии Донишгоҳи кишоварзӣ кор кардааст. Духтарони оила низ мактаби миёнаро хуб ба поён расонданд, вале муҳити деҳа ва рӯзгори хонаводагӣ имкон надоданд, ки таҳсилро идома диҳанд.
Мактаби деҳаи Дардар, ки онро Гулназар соли 1961 бо медали тилло ба поён расондааст, аз машҳуртарин мактабҳои на танҳо ноҳияи Айнӣ, балки водии Зарафшон ва кулли ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Зикри хамин далел кофист, ки аз дастпарварони ин мактаб 2 нафар узви Академии улуми Тоҷикистон, беш аз 20 нафар доктори илм мебошанд. Муаллимони ин мактаб Холбутта Маҷидов, Фахриддин Маликов, Икром Раҳмонов, Гулмирзо Ҷабборов, Ҳобил Ҷабборов, Соҳиббой Ниёзов, Пирон Шодиев, Шералӣ ва Ёралӣ Ниёзовҳо, Аброр Шомирзоев, Пирмаҳмад Бойматов, Топкамбой Ҷумъаев, Абдумӯьмпн Ҷумъаев, Пиронқул Ҷонмаҳмадов, Турақул Холиқов, Ҳосил Мнрзоев, Муллоаҳмад Орифбоев, Мирзораҳмат Саидов ва амсоли онҳо обрӯву шӯҳрати зиёд доштанд. Масалан, омӯзгори риёзиёт Ф. Маликов, вақте ки шӯьбаи ғиёбии факултаи риёзиёти Донишгоҳп омӯзгории шаҳри Душанберо ба поён мерасонад, бо дониши амиқу васеи худ устодонро ба ҳайрат меорад ва ӯро ба омӯзгорӣ дар донишгоҳ даъват менамоянд.
Солҳое, ки Гулназар дар мактаби мазкур таҳсил мекард, аз забон ва адабиёти тоҷик ду шоири ҷавон - Қутбӣ Киром ва Адирмуҳаммад Зафарзода дарс мсгуфтанд. Онҳо ба Гулназар олами пурасрорп шеъру шоириро боз намуда, аввалин сурудаҳои ӯро веросторӣ мекарданд, ба ў маслиҳату машварати судманд медоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор