Равзанаи адаб

Аз ин рў дар яке аз сурудҳо аз Яздон хоҳиш мешавад, ки ба инсонҳои нексиришту росткор таваҷҷўҳ шавад, то ки онҳо дар зиндагӣ комёбу муваффақ бошанд. Зеро рафтору кирдори онҳо самимона, пок ва беолоиш аст:
«Эй Маздо Аҳуро
Он фарзонагони равшанбинро, ки дар пайравӣ аз аша ва маниши нек сазовор мешиносӣ, ба хубӣ комраво кун, чи ба ростӣ медонам, ки ситоишҳои аз дил баромада ва некхоҳона аз сўи Шумо бе посух намемонад.» Дар сурудҳои Ясна маниши нек мақоми муҳим дошта, чун симои мушаххас зуҳур мекунад. Дар банди ҳафтуми суруд Маниши нек мухотаб қарор мегирад ва ба ў чун шахс савол дода мешавад:
«Эй маниши нек
Кист он, ки аз туст ва мардумонро ба ростӣ ёрӣ хоҳад бахшид?» Маниши нек дар банди ҳаштуми суруди мазкур ба ин суол ҷавоб медиҳад ва Зардуштро ягона шахси сазовор медонад:
«Ягона касе, ки ман дар ин ҷо мешиносам, ки ба омўзиши мо гўш фаро дода, Зардушти спитамон аст.
Танҳо ў хоҳони он аст, ки сурудҳои ситоиши Маздо ва ашаро ба гўши /мардумон/ бирасонад.» Маниши нек дар таъйини паёмбари оини зардуштӣ нақши асосиро бозидааст. Аз ин бармеояд, ки некиву накўкорӣ аз муҳимтарин ва асоситарин хислатҳои инсон буда, маҳак ва меъёри шинохти ҳувияти он маҳсуб мешудааст. Бинобар ин дар интихоби Зардушт ҳам маҳз сиришти неки ў нақши ҳалкунанда бозидааст.
Зеро аз бандҳои баъдии суруд бармеояд, ки Зардушт ҷисман нерўманду қавипайкар набудааст ва ҳатто Гушварван аз посухи Маниши нек изҳори норизоӣ карда сазовор набудани ўро ба паёмбарӣ таъкид намудааст:
«Он гоҳ Гушварван бархурўшид:
-Оё /ман/ бояд ба пуштибонии норасои марде нотавон хурсанд бошам ва ба суханҳои ў /гўш фаро диҳам/? Ба ростӣ маро орзуи фармонравои тавоно буд…» Чунон ки мебинем, дар сурудҳои аввали Ясна маниши нек дар шакли инфиродӣ, яъне дар шумораи танҳо зуҳур мекунад. Вале аз ҳоти 30 шурўъ намуда мафҳуми некманишон, яъне шакли ҷамъи он пайдо мешавад:
«Эй некманишон
Ин /сухан/-ро дар партави аша… ва ростӣ дарёбед.» Аз ин ҷо пай бурдан душвор нест, ки маниши нек дар мубориза ғалаба ба даст оварда, на танҳо ба пирўзии Зардушт мусоидат кардааст, балки пайравони зиёде ҳам пайдо намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор