Равзанаи адаб

Дар банди дуввуми ҳоти 30 Ясна ба мардум хитоб мешавад, ки аз ду роҳи зиндагӣ якеро интихоб намоянд. Дар банди сеюм он роҳҳо ба таври мушаххас нишон дода шуда, нерўҳои ҳамзод будани некиву бадӣ таъкид мегардад:
«Дар оғоз он ду минуи ҳамзод ва дар андешаву гуфтор ва кирдор /яке/ нек ва /дигаре/ бад, бо якдигар сухан гуфтанд.» Аз ин ҷо муборизаи некиву бадӣ ё худ «зиндагиву нозиндагӣ»
оғоз меёбад ва то охири Авесто идома пайдо мекунад. Онҳое, ки ба зиштӣ гаравидаанд, ҷазои худро хоҳанд дид ва ононе, ки ба некӣ майл доранд, ба орзуи хеш мерасанд.
Дар сурудҳои Авесто борҳо ёдовар шудааст, ки маниши нек аз ёварони асосии Аҳура Маздо аст. Ҳама чизи нек мансуб ба Аҳура Маздо ва чизҳои бад хоси Аҳриман аст. Маниши нек ҳатто фарзанди Маздо номида мешавад.
Дар Авесто яке аз нишонаҳои девон, ки аз табори маниши зиштанд, дурӣ ҷустани онҳо аз маниши нек аст:
«/Онон – яъне девон/ аз маниши нек дурӣ мегузинанд ва аз хиради Маздо Аҳура ва аша рўй барметобанд.» Зардушт маҳз бо сиришти неки худ мавриди пазириши Аҳура Маздо қарор мегирад. Ў ҳамеша дар партави маниши нек ба зидди зиштиву нопокӣ ва душманони худ мубориза бурда пирўз мешавад.
Барои Зардушт некӣ чунон муҳим ва арҷманд аст, ки ў ҳатто дини худро дини нек меномад. Ў дар ҳама кор некиро раҳнамои худ медонад. Ҳатто ҳангоми интихоби домод ба гироиши ў, ба маниши неки вай таваҷҷўҳ дорад:
«Маздо он касро, ки ба маниши нек ва аша сахтбовар аст, ба анбози /зиндагӣ/ ба ту мебахшад.» Дар Авесто Зардушт чун «некхоҳтарини офаридагон» аст, ки бори аввал аз рўи шиори «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» амал намуда, барои дар ҳаёт татбиқ намудани он мубориза бурдааст:
«Нахустин касе, ки нек андешид, нахустин касе, ки нек сухан гуфт, нахустин касе, ки нек рафтор кард.» Дар роҳи мубориза алайҳи бадиву нерўҳои аҳриманӣ ба Зардушт ва пайравонаш ҳамеша маниши нек мадад расонда, боиси пирўзиву хушбахтии онҳо мегардад. Аз ин ҷост, ки Зардушт дар сурудҳои худ ҳамеша онҳоеро, ки дорои маниши неканд, ситоиши менамояд: «Ашоспандон, шаҳриёрони неки хубкунишро меситоям.» Зардушт на танҳо некўкор асту некиро ситоиш мекунад, балки ў «нахустин касест, ки ба инсон озодии андеша, гуфтор, кирдор ва бовар медиҳад ва инро ба санҷиши ў вогузор мекунад, ки роҳро аз чоҳ шиносад.» Некӣ дар Авесто маънии васеъу густурда дошта, кулли хислатҳои ҳамидаро фаро мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор